Сарвазирони кишварҳои узви ИДМ Стратегияи рушди иқтисодии иттиҳодро дар давраи то соли 2020 баррасӣ хоҳанд кард

0


Душанбе. 7-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки рӯзи 14-уми ноябр дар шаҳри Кишинёв баргузор хоҳад гашт, 35 масъала баррасӣ мешавад.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мушовири хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳод – Мария Гутсало хабар дод, дар ҷараёни нишаст, аз ҷумла масъалаи Стратегияи рушди иқтисодии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Муштарак-ул-манофеъ дар давраи то соли 2020 баррасӣ хоҳад шуд.



Ба гуфтаи хонум Гутсало, ҳадафи Стратегия, мусоидат ба рушди иқтисодии кишварҳо, таъмини субботу пешрафти мутавозуни иқтисодӣ, амнияти иқтисодӣ ва беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолӣ мебошад.


Реклама на asia+

Дастаи футболи Тоҷикистон аз идомаи мубориза дар мусобиқоти Осиё маҳрум шуд

0


           Душанбе. 7-уми ноябр – Бозиҳои гур


ӯ


ҳии даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 19-сола дар Арабистони Саъуд


ӣ


ба ан


ҷ


ом расиданд.




Ҳашт даста –


Ҷ


опон ва Арабистони Саъуд


ӣ


(гур


ӯ


ҳи «А»), Аморати Муттаҳидаи Араб ва Кореяи


Ҷ


ануб


ӣ


(гур


ӯ


ҳи «В»), Чин ва Кореяи Шимол


ӣ


( гур


ӯ


ҳи «С»), Австралия ва Узбакистон (гур


ӯ


ҳи «D») ба даври чаҳорякниҳо


ӣ


роҳ ёфтанд.



Вале дастаи То


ҷ


икистон бо ву


ҷ


уди он ки дар даври охирини гур


ӯ


ҳи «С» бар тими Лубнон бо ҳисоби 5:1 пир


ӯ


з гардид, аз идомаи мубориза барои дарёфти унвони қаҳрамон


ӣ


маҳрум шуд. Нимаи аввали ин дидор бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Голҳоро Фарҳод Тоҳиров ( дақиқаи 11-ум) ва Аҳмадзрейк (42-юм) заданд. Чаҳор голи То


ҷ


икистонро дар нимаи дуввуми боз


ӣ


Самад Шоҳзуҳуров (ду гол), Даврон


ҷ


он Тухтасунов ва Фарҳод Восиев ба самар расонданд.



Бозии дигари даври севум дар гур


ӯ


ҳи «С» байни дастаҳои Кореяи Шимол


ӣ


ва Чин бо ҳисоби 0:0 ан


ҷ


ом ёфт. Бад-ин тартиб Чин бо 7 имтиёз


ҷ


ои аввал ва Кореяи Шимол


ӣ


бо 5 имтиёз


ҷ


ои дуввумро касб карда, ба чаҳорякфинал баромаданд. Вале То


ҷ


икистон бо 4 имтиёз дар


ҷ


ои севум қарор гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар даври баъд


ӣ


маҳрум гардид.




 

Дар даври чаҳорякниҳо


ӣ


, ки 8-уми ноябр баргузор мешавад,


Ҷ


опон бо Кореяи


Ҷ


ануб


ӣ


, Аморати Муттаҳидаи Араб бо Арабистони Саъуд


ӣ


, Чин бо Узбакистон ва Австралия бо Кореяи Шимол


ӣ


боз


ӣ


хоҳанд кард.



Чаҳор дастаи ба бозиҳои ниманиҳо


ӣ


(11-уми ноябр) роҳёфта ба мусобиқоти қаҳрамонии


ҷ


аҳон байни футболбозони то 20-сола, ки соли 2009 дар Миср доир мегардад, роҳхат мегиранд.


Реклама на asia+

Дар Душанбе масоили таъсири рӯйдодҳои Афғонистон ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро баррасӣ мекунанд

0


Душанбе. 28-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аввали моҳи ноябр дар Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон конфронси байнулмилалӣ дар мавзӯи «Осиёи Марказӣ ва Афғонистон: таҳдидҳо, имконот ва дурнамо» конфронси байнулмилалӣ доир мегардад.




Аз маркази мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки конфронс бо дастгирии Институти байнулмилалии тадқиқоти стратегии Лондон созмон дода шуда, дар он масоили ҷараёни воқеоту рӯйдодҳо дар Афғонистон, таъсири он ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, нақши давлатҳои минтақа дар раванди бозсозии ин кишвар ва дастгирии тадбирҳои нерӯҳои эътилофи НАТО дар барқарории сулҳу суботи Афғонистон мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.



Интизор меравад, ки дар кори конфронс 25 нафар коршинос аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Афғонистон, Ҳиндустон, Чин ва давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ва инчунин намояндагони САҲА, СММ, Иттиҳоди Аврупо ва намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ширкат хоҳанд варзид.


Реклама на asia+

Э.Раҳмон ва Оғохони IV оид ба натиҷаҳои сафари шоҳзода ба ВМКБ гуфтугӯ карданд

0



Душанбе. 7-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди бозгашт аз мавзеи Сангтӯдаи ноҳияи Данғара Шоҳзода Карим Оғохони




IV




– ро бори дигар дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ба ҳузур пазируфт.






Дар сӯҳбат оид ба натиҷаҳои сафари Шоҳзода Карим Оғохони




IV




ба пойтахт ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфтугӯ сурат гирифт.





Шоҳзода Карим Оғохони




IV




аз пазироии хуши роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон ва ҳамчунин аз натиҷаҳои сафари худ ба кишвари мо изҳори қаноатмандӣ карда, президенти Тоҷикистон баҳри таваҷҷӯҳи хосааш арзи сипос намуд.





Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳзода Оғохони




IV




барои кӯмакҳои то имрӯз ба Тоҷикистон расонда ва нақшаҳои судманди ояндааш арзи сипосу миннатдорӣ кард.





Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҷонибҳо ҳавасмандии худро баҳри идома ва густариши ҳамкории судбахш таъкид намуданд.





Бо риояи расми накӯи меҳмоннавозии тоҷикон сарвари давлат ба Шоҳзода Оғохони




IV




қабл аз парвози ӯ аз сарзамини Тоҷикистон як ҷомаи миллӣ пӯшонд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.




 


Реклама на asia+

Бародари собиқ генерал Ғаффор Мирзоев аз АМА ба Тоҷикистон истирдод мешавад

0



          

Душанбе. 5-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои наздик Абдурасул Мирзоев, бародари собиқ генерал Ғаффор Мирзоев аз Аморати Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон истирдод мешавад. Собиқ директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Ғаффор Мирзоев моҳи августи соли 2006 ба ҳабси якумра маҳкум гардида буд.





           

Тавре аз Додситонии кулли ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, А.Мирзоев дар баъзе мавридҳои парвандаи ҷиноии бародараш шарик аст ва ҳамчунин тибқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ гунаҳкор дониста мешавад.



«Истирдоди А.Мирзоев тибқи созишномаи Тоҷикистону Аморати Муттаҳидаи Араб, ки моҳи апрели соли ҷорӣ мавриди амал қарор гирифт, сурат мегирад», – изҳор дошт манбаъ. Зикр гардид, ки парвандаи ҷиноии Ғ.Мирзоев аз ҷониби Додситонии низомии ҷумҳурӣ мавриди тафтиш қарор гирифтааст ва шарҳи дар кадом ҷиноятҳо даст доштани бародари ӯ ба салоҳияти он дохил мегардад.


Реклама на asia+

Фаъолияти Лоиҳаи нави USAID оид ба Ислохоти замин ва рушди бозор дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид

0


Душанбе. 5-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар бораи оғози фаъолияти Лоиҳаи нави


USAID


оид ба Ислохоти замин ва рушди бозор дар То


ҷ


икистон ба намояндагони Ҳукумат ва Парлумони То


ҷ


икистон, ташкилотҳои байналхалқ


ӣ


ва сармоягузорон, ки дар Қабули расм


ӣ


ширкат -доштанд, иттилоъ дода шуд. Ин Лоиҳа идомаи Лоиҳаи Ислоҳоти замин ва рушди бозор аст, ки аз 30-уми сентябри соли 2005 то 31-уми октябри соли 2008 фаъолият дошт.




Лоиҳа дар т


ӯ


ли се соли фаьолияти худ к


ӯ


шиши Ҳукумати То


ҷ


икистон ва Парлумони кишварро дар гузаронидани ислоҳоти конунгузор


ӣ


оид ба замин ва фароҳам овардани имконияти рушди иқтисод


ӣ


дар соҳаи кишоварз


ӣ


дастгир


ӣ


намуд.



Дар моҳи январи соли 2008 ба Кодекси замин тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки он бо роҳи беҳсозии ҳуқуқи истифодаи замин. муносибатҳо оид ба заминро такмил дод, дар ташкили бозори ҳуқуқи истифодаи замин ва пешравии бозори ипотека шароит муҳайё сохт.



Лоиҳа ҳамчунин ба деҳқонон – фермерони То


ҷ


икистон дар ом


ӯ


зиши ҳуқуқу вазифаҳояшон оид ба истифодаи замин к


ӯ


мак намуд. Барномаҳои телевизион


ӣ


, радио


ӣ


барои онҳо маълумоти заруриро пешниҳод намуданд ва Марказҳои Дастгирии Ҳуқуқ


ӣ


барои онҳо семинар-машварат ва тренингҳо доир намуданд. Лоиҳа ва ҳамкорони маҳаллии он ба деҳқонон-фермерон бо роҳи доир намудани машварату маслиҳатҳо ёрии ҳуқуқи расонида, дар ҳал намудани масъалаҳои


ҷ


ойдошта то ба пешниҳоди парвандаҳо ба суд к


ӯ


мак расониданд.



Лоиҳаи нави Ислоҳоти замин ва рушди бозор дар асоси Лоиҳаи аввала тартиб дода шуда, фаъолияти онро идома хоҳад дод. Лоиҳа к


ӯ


шиши Ҳукумат ва Парлумони То


ҷ


икистонро дар амал


ӣ


сохтани ислоҳоти минбаъда, аз


ҷ


умла бунёди низоми ҳуқуқи истифодабарии замин, низоми ягонаи бақайдгир


ӣ


ва амал


ӣ


сохтани низоми баҳодиҳии замин дастгир


ӣ


хоҳад кард.



Лоиҳа ҳамчунин дастгирии аҳолии деҳотро ба воситаи пешниҳод намудани иттилоот дар бораи тағйироту иловаҳо ба қонунҳо вобаста ба ҳуқуқ ба замин ва вазифаву


ӯҳ


дадориҳои онҳо идома медиҳад.



Барномаи кор бо


ҷ


омеа фаъолияти худро ба воситаи барномаҳои телевизион


ӣ,


радио


ӣ


ва р


ӯ


знома идома медиҳад. Марказҳои Дастгирии Ҳуқуқ


ӣ


дар баррас


ӣ


ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба замин ба деҳқонон-фермерон к


ӯ


мак намуда, манфиатҳои онҳоро ҳимоя хоҳанд кард.



Лоиҳаи нави Ислоҳоти замин ва рушди бозор дар ҳамкор


ӣ


бо О


ҷ


онсии Швейтсария оид ба Ҳамкор


ӣ


ва Рушд фаъолияти худро дар давоми сол баҳри пурқувват намудани сохторҳои ин Марказҳои Дастгирии Ҳуқуқ


ӣ


равона месозад, ки ин амал дар аз


ҷ


иҳати молияв


ӣ


, техник


ӣ


пурқувват шудани Марказҳо мусоидат намуда, дар ташкили Ассотсиатсияи Марказҳои Дастгирии Ҳуқуқ


ӣ


шароит фароҳам меоварад. Лоиҳаи нави ислоҳоти замин ва рушди бозор то моҳи сентябри соли 2009 фаъолият мекунад. Дар ин бора дар иттилоияи интишорсохтаи


USAID


хабар дода мешавад.


Реклама на asia+

Президенти Русия дар нахустин паёми солонааш тамдиди мӯҳлати президентиро то шаш сол пешниҳод кард

0


Душанбе. 5-уми ноябр – Раиси


ҷ


умҳури Русия Дмитрий Медведев дар нахустин паёми солонааш ба мардум пешниҳод кард, то даври раёсати


ҷ


умҳур


ӣ


дар ин кишвар, ки ҳоло чаҳор сол аст, то шаш сол тамдид шавад.




Вай ҳамчунин пешниҳод намуд, то давраи фаъолияти вакилони порлумон на чаҳор сол, балки пан


ҷ


сол бошад. Дмитрий Медведев моҳи май ба


ҷ


ойи Владимир Путин раиси


ҷ


умҳури пешини Русия ба ин мақом нишаст.


Реклама на asia+

Бо ба сари ҳокимият омадани Обама ба иқдомоти таҷовузгарона дар ҷаҳон хотима гузошта хоҳад шуд, – назари намояндаи парлумон

0



           

Душанбе. 5-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини раиси Кумита оид ба корҳои байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Олимҷон Салимов бар ин назар аст, ки пас аз ба сари ҳокимияти давлати Амрико омадани демократ Барак Обама муносиботи Тоҷикистону Амрико минбаъд низ густаришу таҳким хоҳанд ёфт.





           

Номбурда зикр кард, ки Амрико нисбат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ муносиботи дӯстонаро пеш хоҳад гирифт.




           

О.Салимов афзуд, ки бо ба сари ҳокимият омадани Обама шояд ба иқдомоти таҷовузгарона дар ҷаҳон хотима гузошта шавад. «Шояд нерӯҳои низомии Амрико аз Ироқ хориҷ карда шаванд ва дар маҷмӯъ, сиёсати Амрико нисбат ба Ироқ ва Афғонистон ба самти мусбат тағйир хӯрад», – гуфт ӯ.


Реклама на asia+

Сарвари давлат мардуми кишварро ба муносибати Рӯзи Конститутсия табрик кард

0



          



Душанбе. 5-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Рӯзи Конститутсия мардуми ҷумҳуриро табрик кард. Дар табрикоти сарвари давлат, аз ҷумла гуфта мешавад:





       


 

«Конститутсия қонуни асосии давлат буда, сохти ҷомеа ва шакли давлатдориро муайян мекунад. Бинобар ин, қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишвар рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз, муайянкунандаи роҳу равиш ва рушди устувори Ватани азизамон гардид.




    

Конститутсия барҳақ мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Аз ин рӯ, кулли мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба муносибати рӯзи қабули Қонуни асосӣ ҳамчун заминаи пойдори тамоми қонунгузории давлат самимона табрик ва таҳният мегӯям.



Ин санади муқаддас, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият даровард, орзую ормони мардуми барӯманди моро амалӣ сохта, роҳи ояндаи миллати сарбаланду созандаи моро ба сӯи бунёди ҷомеаи нав ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир мунаввар мегардонад.




         

Лозим ба ёдоварист, ки таҳияи Конститутсия бо ҷалби нерӯҳои ақлонии ҷомеа, бо назардошти манфиатҳои олии миллату анъанаҳои пурғановати таърихиву фарҳангии халқи тоҷик ва истифода аз таҷрибаву дастовардҳои давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар самти бунёди ҷомеаи демократӣ сурат гирифта буд.




     

Аксарияти мутлақи ҳамватанони мо дар раъйпурсии умумихалқии соли 1994 ба тарафдории қабули Конститутсияи нав овоз дода, роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб намуданд.

            


  


  


  


 





     

Барпо кардани чунин давлат эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ваҳдат, таъмини амният ва суботи устувори ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як шаҳрвандро тақозо менамояд.




      

Ҳамаи ин арзишҳои олӣ, ки дар Конститутсия ба сифати рукнҳои бунёдии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эътироф шудаанд, меҳвари фаъолияти давлат ва мақомоти онро ташкил мекунанд. Дар тамоми ин муддат аз ҷониби Ҳукумати кишвар баҳри татбиқи ин арзишҳо пайваста корҳои зарурӣ ба сомон расонида мешаванд.




    

Сарқонуни мамлакат ҳамчунин заминаи ҳуқуқии иқтисоди ҷомеаи моро муайян намуда, рушду инкишофи устувори онро кафолат медиҳад.




    

Асосҳои бунёдии ин санади таърихӣ – эътирофи шаклҳои гуногуни моликият, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, шароити ҳамаҷонибаи рушди муносибатҳои иқтисодиро таъмин менамояд.




   

Дар Конститутсия таъкид шудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ин ҷавҳари конститутсионӣ дар радифи соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ будани давлат мӯҳтавои иҷтимоии онро ифода менамояд.




    

Яке аз талаботи муҳими Конститутсия ин эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои он ва қонунҳо мебошад. Зеро қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ омили асосӣ ва зарурии суботу оромии ҷомеа ва дар ин замина пешрафту созандагии он аст.




    

Барои ноил гаштан ба ин мақсад пеш аз ҳама зарур аст, ки эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии Конститутсия ва қонунҳо ба ҳукми ниёзмандии ҳамарӯзаи шаҳрвандон дароянд.




    

Танҳо дар ҳамин сурат мо ба ҳадафҳои олии

 

худ – эъмори давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона, ки дар Сарқонуни мамлакат дарҷ гардидаанд, муваффақ хоҳем гардид.




    

Омили муҳими амалӣ шудани ин талабот ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ вобаста аст. Барои расидан ба ин ҳадаф дар Паёми имсолаи Президент ба парламенти кишвар таъкид шудааст, ки зарурати таҳияву қабули Барномаи нави дарозмуддату мукаммали тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ва самарабахш татбиқ намудани он ба миён омадааст.




     

Дар ин Барнома бояд тадбирҳои ҳамаҷонибаи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, роҳу воситаҳои амалӣ намудани он пешбинӣ гарданд.




     

Итминони комил дорам, ки риояи Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки санади муқаддасу раҳнамунсоз ва қутбнамои халқи шарафманди Тоҷикистон мебошад, меъёри халалнопазири зиндагиву фаъолияти ҳар як фарди ҷомеа хоҳад буд.




 


  


  


 


 


 


  


  


 


 


 


 


  


  


 


     

Ҳамватанони азиз!




     

Таҷлили имсолаи Рӯзи Конститутсия ба рӯйдоди басо фараҳбахш – ифтитоҳи боз як шабакаи телевизионии нав – телевизиони иттилоотии «Ҷаҳоннамо» ва шабакаи дигари радиоии «Фарҳанг», ки ҳарду шабака дар як шабонарӯз бистучор соат фаъолият хоҳанд кард, рост омад.




      

Хотирнишон сохтан бамаврид аст, ки дар натиҷаи кӯшишҳои пайвастаи роҳбарияти кишвар тайи се соли охир дар мамлакат се шабакаи телевизионӣ ва як шабакаи радиоӣ ба кор шурӯъ намуданд.




     

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати кишвар ба масъалаи инкишофи воситаҳои ахбори омма ва дар ин замина таъмини дастрасии бештари аҳолӣ ба иттилоот ҳамчун яке аз рукнҳои бунёдии ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки дар Конститутсия дарҷ гардидаанд, таваҷҷӯҳи хосса зоҳир менамояд.




     

Бо истифода аз ин фурсат ифтитоҳи телевизиони «Ҷаҳоннамо» ва радиои «Фарҳанг»-ро ба ҳамаи мардуми Тоҷикистон табрик гуфта, ба кормандони ин шабакаҳои навтаъсис барори кор ва комёбиҳои шоистаи эҷодӣ орзумандам.




           

Умедворам, ки ин шабакаҳо фазои иттилоотии кишварро бо барномаҳои пурмӯҳтавои худ ғанӣ гардонида, дар рушду нумӯъ ва пешрафти минбаъдаи ҷомеаи мо саҳми босазо хоҳанд гузошт.



Бори дигар ҳамаи шумо, ҳамватанони азизро ба ифтихори рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба ҳамаатон сиҳатии комил, осудагиву рӯзгори фаровон ва дар кори ободиву созандагии Ватани азизамон пешравию пирӯзиҳо орзумандам». Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарври давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

Имрӯз шабакаи нави телевизиони «Ҷаҳоннамо» ба фаъолият шурӯъ кард

0


Душанбе. 5-уми ноябр

 

– 29 октябри соли ҷорӣ дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» тасдиқ карда шуд. Ин муассиса шабакаи нави телевизионӣ буда, бо мақсади таҳкими фазои иттилоотии кишвар таъсис ёфтааст ва шабонарӯзӣ 24 соат барнома пахш хоҳад кард. Имрӯз дар остонаи таҷлили Рӯзи қабули Сарқонуни мамлакат ин шабакаи телевизионӣ ба фаъолият шурӯъ мекунад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.




Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон директори шабакаи нави телевизионии «Ҷаҳоннамо» Абдумаҷид Усмонов таъин гардидааст. Мавсуф то ин вақт ба ҳайси муовини раиси шабакаи телевизионии «Сафина» ифои вазифа мекард. Муовини мудири шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо», сармуҳаррири собиқи идораи иттилоотии «Ахбор»-и шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон – Сӯҳроб Рауфов таъин шудааст.


Реклама на asia+