Олмон тӯли солҳои 2009-2010 ба Тоҷикистон ба маблағи 36 млн. евро кӯмак мерасонад

0



           

Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷараёни гуфтушуниди ҳайатҳои намояндагии Олмону Тоҷикистон оид ба ҳамкории иҷтимоиву иқтисодӣ роҳбари шӯъбаи Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубии Вазорати федералии Олмон оид ба рушди иқтисодӣ Марион Урбан изҳор дошт, ки Олмон тӯли солҳои 2009-2010 дар доираи барномаҳои ҳамкории техникӣ ба маблағи 7 млн. ва молиявӣ ба маблағи 29 млн. евро ба Тоҷикистон кӯмак мерасонад.





           

Хонум Урбан инчунин изҳор дошт, ки кишвараш баҳри азнавсозии барномаи захираҳои молиявӣ боз 1 млн. евро маблағи иловагӣ ихтисос медиҳад. Номурда гуфт: «Олмон ин маблағҳоро аслан барои мусоидат ба рушди иқтисодӣ тавассути молиягузории хурд, дастгирии машваратии соҳибкории хурду миёна ва беҳсозии шароитҳои ҳуқуқиву сиёсии татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ ҷудо менамояд».




           

Ёдрас мекунем, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе гуфтушуниди дурӯзаи Тоҷикистону Олмон оид ба масоили ҳамкории иҷтимоиву иқтисодӣ шурӯъ шуданд. Зимни муаррифии ҳайати ҷониби Олмон сафири Олмон дар Тоҷикистон хонум Дорис Хертрампф аз имконоти густурдаи роҳандозии ҳамкориҳои муфиди иҷтимоиву иқтисодии ду кишвар ёдовар шуд.


Реклама на asia+

Ғолиби нахустини мусобиқоти тенниси наврасон барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон муайян шуд

0




           

Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе мусобиқоти байнулмилалии тенниси наврасон барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон ба анҷом мерасад ва то ин дам аллакай ғолиби нахустини ин мусобиқот муайян шуд.







           

Муовини раиси Федератсияи тенниси Тоҷикистон Ибод Шарифӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар мусобиқоти инфиродӣ байни писарон варзишгари тоҷик Аҳмадҷони Муҳаммад дар қувваозмоии ниҳоӣ ба теннисбози ӯзбекистонӣ Тимур Ҳабибуллин бо ҳисоби 2 бар 0 ғолиб омада, соҳиби ҷом гардид. Ғолибони дигари мусобиқот шоми имрӯз муайян карда мешаванд.






           

Ба ҳашт нафар теннисбози беҳтарин ва чор ҷуфти варзишгарон, ки ҷойҳои аввалро ишғол менамоянд, мукофотҳо дода мешаванд. Мукофоти асосии мусобиқа Ҷоми Президент ва 1000 доллари ИМА мебошад.






           




Реклама на asia+

Дар Душанбе ба муносибати 950-умин солгарди мутафаккири бузурги форсу тоҷик Муҳаммади Ғаззолӣ конфронс баргузор мешавад

0


Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе, дар Маркази тадқиқотии стратегии назди президенти Тоҷикистон дар мавзӯи «Ризоият ва гуфтугӯи тамаддунҳо: таърих ва замони муосир» конфронси байнулмилалӣ баргузор мешавад.




Аз маркази номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки

 

конфронс ба муносибати 950-умин солгарди мутафаккир ва файласуфи бузурги форсу тоҷик Абӯҳамид Муҳаммади Ғаззолӣ доир мегардад. Он бо дастгирии мушовир оид ба фарҳанги сафорати Эрон дар Тоҷикистон созмон дода шудааст.



Бино ба иттилои манбаъ, дар кори конфронс намояндагони доираҳои илмии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Эрон ва Афғонистон ширкат варзида, дар бораи ҳаёту эҷодиёт ва осори Муҳаммади Ғазолӣ табодули афкор хоҳанд намуд.



Қобили зикр аст, ки


ақидаҳо ва ғояҳои фалсафии Ғазолӣ бо вуҷуди гузаштани асрҳои тӯлонӣ имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардаанд. ЮНЕСКО дар иҷлосияи 34- уми худ 27 октябри соли 2007 қарори махсус қабул намуд, ки мувофиқи он 950 – солагии Муҳаммади Ғаззолӣ дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.




Реклама на asia+

Барномаи рушди СММ ба Маркази барқу гармидиҳии Душанбе ҳудуди 1 тонна мазут ворид сохт

0


Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи барномаи кӯмаки ройгон Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ба Маркази барқу гармидиҳии Душанбе ҳудуди 1 тонна мазут ворид сохт.




Намояндаи Барномаи рушди СММ Сафарбек Солиев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки тибқи ин барнома, ба марказ ҷудо кардани 3 ҳазор тонна мазут пешбинӣ шудааст. «Миқдори боқимондаи мазут то моҳи ноябр ба марказ ворид карда мешавад», – гуфт ӯ.



Дар навбати худ намояндагони маъмурияти марказ мегӯянд, ки айни замон беш аз 10 ҳазор тонна мазут захира карда шудааст ва 60 вагон бо мазут феълан сӯи Тоҷикистон ҳаракат доранд.



Ба гуфтаи раиси ширкати «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев, барои фаъолияти муназзами ин марказ дар фасли зимистон 30 ҳазор тонна мазут лозим аст, ки 20 ҳазор тонна аз онро бояд ширкати алюминии Тоҷикистон «Талко» бихарад.


Реклама на asia+

Кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба Қирғизистон

0


Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон ба аҳолии бар асари заминларзаи шадид зарардидаи кишвари дӯсту ҳамҷавори Қирғизистон кӯмаки башардӯстона хоҳад расонид.




Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амр дод, ки бо мақсади расонидани кўмаки башардўстона ба аҳолии аз заминларзаи 5 октябри соли ҷорӣ зарардидаи вилояти Оши Ҷумҳурии Қирѓизистон аз ҳисоби захираҳои давлатии Тоҷикистон

 



100 м3

тахта, 2000 дона шифери фулузӣ, 100 тонна семент, 100 дона сатил, 100 дона дег, 200 маҷмўъ сару либос, 200 тонна орд, 5,2 тонна биринҷ, 5 тонна равѓан, 10 тонна шакар ва 25 тонна сўзишвории дизелӣ ҷудо карда шавад.



Вазорату идораҳои дахлдор вазифадор карда шуданд, ки кўмаки мазкурро дар кўтоҳтарин мўҳлат ба аҳолии зарардидаи Ҷумҳурии Қирѓизистони дўсту ҳамсоя дастрас намоянд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.




 

Реклама на asia+

КВД «Хӯрокворӣ» даст доштан дар плагиат ва даъвои ширкати русиягии «Балтика»-ро рад мекунад

0


Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Пивоваренная компания «Балтика» аз болои Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Хӯрокворӣ»-и Тоҷикистон нисбат ба истифодаи технологияи ин ширкат дар тайёр кардан ва тарзи ороиши шишаи он дар истеҳсоли пивои «Арал» дар Тоҷикистон даъво кардааст, ки ҳуқуқи муаллифии ширкат поймол карда шуданд. Дар иттилоияи ҶСК «Балтика» гуфта мешавад, ки унвонии корхонаи Тоҷикистон мактуб ирсол гардида, талаб карда шудааст, ки аз истифодаи ғайриқонунии моликияти зеҳнӣ даст кашанд ва агар ба ин кор хотима дода нашавад, ширкат ба додгоҳ аризаи даъвогӣ пешниҳод хоҳад намуд.




Дар ҳамин ҳол, муовини директории генералии КВД «Хӯрокворӣ» Абдураззоқ Маҷидов гирифтани мактубро тасдиқ намуда, таъкид сохт, ки воқеан ҳам шакли шиша ва нишони пивои «Арал»-и истеҳсоли Тоҷикистон ба пивои «Балтика»-и ширкати Русия шабоҳат дорад, аммо корхонае, ки ин нӯшокиро истеҳсол мекунад, ба КВД «Хӯрокворӣ» ҳеҷ муносибате надорад.



«Пивои «Арал» дар корхонаи хусусии «Охунов»-и шаҳри Хуҷанд истеҳсол мешавад ва мо дар номаи ҷавобӣ ба ширкати «Балтика» тавсия додем, ки ба ин ширкат муроҷиат намояд», – гуфт А.Маҷидов.


Реклама на asia+

Ҳ.Зарифӣ барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷии ИДМ озими Бишкек шуд

0


Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба Бишкек меравад. Мулоқоти вазирони кишварҳо дар арафаи баргузории ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ ва ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) доир мегардад. Дар ин бора аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд.




Интизор меравад, ки дар мулоқоти сарони кишварҳои узви ИДМ ба масъалаи рушди ҳамкориҳои коммуникатсионӣ ва нақлиёт таваҷҷӯҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.




           

Ғайр аз ин, дар назар аст, ки соҳаи энергетика чун бахши калидии муносибатҳои ҳамкории мутақобилаи кишварҳо муайян карда шуда, соли 2009 – Соли ҷавонон дар ИДМ эълон гардад.




           

Зикр гардид, ки дар ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии ЕврАзЭС масоили ҳамгиройии минбаъдаи иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар роҳи раҳоӣ аз бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт.




           

Ёдрас мекунем, ки кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Белорус узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мебошанд.


Реклама на asia+

Ба КВД «Мубориза бар зидди малах» ба маблағи беш аз 1 млн. сомонӣ таҷҳизоту техникаи иловагӣ супурда шуд

0



           

Душанбе. 7-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон ба Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Мубориза бар зидди малах» ба маблағи беш аз 1 млн. сомонӣ таҷҳизоту техникаи иловагӣ супурда шуд.





           

Чӣ тавре ки аз дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, таҷҳизоту техникаи мазкур қаблан ба КВД ҳифзи рустаниҳо тааллуқ дошт.




           

Бино ба иттилои манбаъ, таҷҳизоту техника аз 8 трактори МТЗ-82, ду мошини боркаши УАЗ, 660 адад таҷҳизоти паҳнкунии заҳрҳо, 50 ҷуфт сарулибоси махсус ва 14 хайма (палатка) иборат аст. «Таҷхизоту техникаи мазкур ба минтақаҳое, ки дар он ҷо эҳтимолияти ҳуҷуми малах бештар мавҷуд аст, тақсим карда мешавад», – гуфт манбаъ.




           

Мувофиқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, феълан КВД «Мубориза бар зидди малах» дорои 17 трактори МТЗ-82, 2 мошини боркаши УАЗ ва 6 таҷҳизоти паҳнкунии заҳри навъи ОВХ-28 аст.





 




Реклама на asia+

Рӯзноманигорони тоҷик забони англисӣ меомӯзанд

0




           Душанбе. 7 октябр. ОИ «Азия-Плюс» –




Дар Мактаби мустақили р


ӯ


зноманигории

«То



ҷ


икистон – асри


XXI


» аз аввали ҳафтаи равон


барномаи семоҳаи ом


ӯ


зиши забони англис


ӣ


барои журналистон оғоз гардид. Ташаббускори барнома Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар То


ҷ


икистон буда, зимнан ҳудуди 20 нафар кормандони ВАО-и гуногун дар 2 гур


ӯ


ҳ: «ибтидо


ӣ»


ва «идомавӣ» ба таълими ройгон фаро гирифта шудаанд.




Дарсҳо ҳамар


ӯ


за аз


ҷ


ониби мутахассисони Маркази фарҳангии «Бактрия» бо истифода аз усули муосири таълим гузаронида шуда, иштирокдорон бо маводи сабт


ӣ


ва дастурҳои ом


ӯ


зиши забони англис


ӣ


таъмин гардидаанд.



Бино ба иттилои сарёвар оид ба масоили ВАО-и САҲА дар То


ҷ


икистон Фаррухшо


Ҷ


унайдов, мақсад аз ташкил ва баргузории ин барнома боло бурдани сатҳи забондонии р


ӯ


зноманигорони кишвар аст. Номбурда мег


ӯ


яд: «Имр


ӯ


з миёни журналистони То


ҷ


икистон кам нафаре пайдо мешавад, ки ба забони англис


ӣ


дар сатҳи ол


ӣ


навиштаю хонда тавонад. Ҳол он ки дар даврони «


ҷ


аҳонишав


ӣ»


донистани ин забон имкон медиҳад, ки журналист аз манбаъҳои гуногуни иттилоот истифода барад ва ё матолиби худро тавассути расонаҳои интернет


ӣ


ба доираи васеи хонандагон пешниҳод созад».



Ф.


Ҷ


унайдов афзуд, ки дар сурати амалигардонии самарабахши ин барнома, Дафтари САҲА дар То


ҷ


икистон марҳилаҳои нави таълими забони англис


ӣ


барои журналистонро ба роҳ хоҳад монд.

 







 

Реклама на asia+

Ҳ.Умаров: Агар ҳукумат чораҳои муассир наандешад, ахири сол мизони таваррум дар Тоҷикистон ба 50 дарсад баробар хоҳад шуд

0



           

Душанбе. 7-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шарҳи маълумоти Кумитаи омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба қайд гирифтани мизони баландтарини таваррум дар Тоҷикистон ба андозаи 30,7 дарсад миёни кишварҳои узви ин иттиҳод, доктори улуми иқтисод, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки «агар ҳукумат дар ин самт чораҳои муассир наандешад, ахири сол мизони таваррум дар То


ҷ


икистон ба 50 дарсад баробар хоҳад шуд».





           



Тибқи маълумоти Кумитаи омори Тоҷикистон дар 8 моҳи соли равон суръати таваррум дар бахши истеъмолӣ 11,9 дарсадро ташкил додааст.




           

«Маълумоти овардаи Кумитаи омори ИДМ нисбатан боварибахшанд, зеро вазъи кунунии бахши истеъмолии моро воқеъбинонатар нишон медиҳанд», – гуфт профессор.




           

Ҳ.Умаров таъкид сохт, ки яке аз чораҳои нигаҳдории сатҳи болоравии таваррум ҷорисозии иқдомоти ҳавасмандагардонӣ барои тавлидкунандагони молҳои истеъмолӣ аст, яъне роҳандозии имтиёзҳо дар андозситонӣ, маблағҷудокунӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ғайра.




           

Профессор бар ин назар аст, ки 200 млн. сомонӣ профитсити буҷаро мебояд ба маблағдиҳӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ равона сохт, то ба беҳшавии вазъи бахши истеъмолии кишвыар мусоидат намояд.




           

Ёдрас мекунем, ки соли 2008 ҳукумати ҷумҳурӣ суръати таваррумро дар мизони 8 дарсад нигоҳ доштанӣ буд. Қобили зикр аст, ки соли гузашта низ чунин вазъ ба амал омада буд – пешгӯиҳои ҳукумати Тоҷикистон оид ба сатҳи таваррум амалӣ нагашта, он ба ҷои мизони 7 дарсади барои соли 2007 пешбинишуда ба 19,2 дарсад баробар шуд.


Реклама на asia+