Дар Тоҷикистон Барномаи миллии ҳифзи солимии равонии аҳолӣ таҳия мегардад

0


Душанбе. 7-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон Барномаи миллии ҳифзи солимии равонии аҳолӣ таҳия мегардад.




Аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки бо ин мақсад дар вазорат бо дастгирии Созмони ҷаҳонии беҳдошт гурӯҳи кории байнисоҳавӣ барои таҳияи барномаи миллӣ таъсис дода шуд.



Тоҷикистон ба сафи 41 кишвари дунё, ки сиёсати давлатии ташаккулёфта нисбат ба бемориҳои равониро доро нестанд, дохил мешавад. Аз ин рӯ, таҳия ва қабули ҳарчи зудтари чунин барнома заруру саривақтӣ аст.



Тибқи маълумоти пизишкон, айни замон дар ҷаҳон аз шумораи умумии беморон 10 дарсадро гирифторони беморони равонӣ ташкил медиҳанд ва аз эҳтимол дур нест, ки соли 2020 ин рақам ба 15 дарсад бирасад. Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт имрӯз дар дунё беш аз 450 млн. нафар ба бемориҳои равонӣ гирифторанд.



Аз рӯзи 3-уми октябр дар Тоҷикистон ҳафтаи бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи бемориҳои равонӣ оғоз гардид ва он рӯзи 10-уми октябр бо баргузории форум оид ба ин масъала анҷом меёбад, ки дар он масоили стигмакунонӣ, табъиз ва зӯран махфикунонии беморони равонӣ мавриди муҳокима қарор мегиранд.



Тибқи иттилои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, феълан дар Тоҷикистон 17 муассисаи табобати бемориҳои равонӣ амал мекунанд, ки дар он 42 ҳазор нафар маризон сабти ном шудаанд. Барои ғизо ва бо доруворӣ таъмин кардани чунин беморон дар як рӯз 6 сомонӣ (камтар аз 2 доллар) маблағ ҷудо карда мешавад.


Реклама на asia+

Кумитаи омори ИДМ: Мизони баландтарини таваррум дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд

0



           

Душанбе. 7-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мизони баландтарини таваррум – 30,7 дарсад дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Аз ин хусус дар хабарномаи «Омори ИДМ», ки Кумитаи омори иттиҳод чанде қабл ба табъ расонидааст, иттилоъ дода мешавад.





           

Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ, сатҳи таваррум дар Украина – 26,4, Қазоқистон – 19,4, Белорус – 14,8, Молдова – 14,7, Русия – 14,1 ва Арманистон – 9,5 дарсадро ташкил додааст.




           

Тибқи маълумоти Кумитаи омори Тоҷикистон дар 8 моҳи соли равон суръати таваррум дар бахши истеъмолӣ 11,9 дарсадро ташкил додааст.




           

Ёдрас мекунем, ки соли 2008 ҳукумати ҷумҳурӣ суръати таваррумро дар мизони 8 дарсад нигоҳ доштанӣ буд. Қобили зикр аст, ки соли гузашта низ чунин вазъ ба амал омада буд – пешгӯиҳои ҳукумати Тоҷикистон оид ба сатҳи таваррум амалӣ нагашта, он ба ҷои мизони 7 дарсади барои соли 2007 пешбинишуда ба 19,2 дарсад баробар шуд.


Реклама на asia+

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон барои сармоягузорӣ ба 15 нерӯгоҳи хурди барқӣ озмун эълон кард

0



           

Душанбе. 7-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Кумитаи давлатии сармоягузор


ӣ


ва идораи амволи давлатии То


ҷ


икистон барои сармоягузор


ӣ


ба 15 нер


ӯ


гоҳи хурди обию барқ


ӣ


озмун эълон кард.





           

Аз кумитаи номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки бунёди панҷтогӣ чунин нерӯгоҳ дар вилоятҳои Суғду ноҳияҳои тобеи марказ, чорто дар Хатлон ва як иншоот дар Бадахшон пешбинӣ шудааст. Иқтидори истеҳсолии солонаи ин нерӯгоҳҳо аз 90 ҳазор то 7,8 млн. кВт/соатро ташкил медиҳад.




           

Гуфта мешавад, ки аз ин иншоот нерӯгоҳи пурқудраттарин нерӯгоҳи барқиву обии «Чӯянгарон-1» дар ноҳияи Ваҳдат мебошад, ки он дар як сол ба истеҳсоли 7,8 млн. кВт/соат қувваи барқ қодир буда, маблағи бунёди он ба 1,5 млн. доллар баробар аст. Арзиши умумии ҳамаи лоиҳаҳо беш аз 12 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.




           

Зикр гардид, ки лоиҳаҳо ва санадҳои заминаи фанниву иқтисодии иншоот таҳия ва омода гаштаанд. «Дар озмун шахсони воқеиву ҳуқуқии ҷумҳурӣ ва кишварҳои дигар иштирок карда метавонанд», – афзуд сарчашма.


Реклама на asia+

Дар Душанбе натиҷаҳо ва дурнамои раванди татбиқи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ баррасӣ мешаванд

0



           

Душанбе. 7-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе семинари ҷумҳуриявии «Нақши татбиқи лоиҳаҳои тандурустии ҷамоавӣ ва заминавӣ дар ислоҳоти соҳаи тандурустӣ» ба кор шурӯъ кард.





           

Аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар кори семинар кормандони дастгоҳи марказии вазорати тандурустӣ, намояндагони раёсатҳои тандурустии вилоят, роҳбарони беморхонаҳои марказӣ ва муассисаҳои тиббии расонидани кӯмаки аввалияи тиббии ноҳияҳои озмоишӣ, ки лоиҳаҳои тандурустии ҷамоавӣ ва заминавӣ дар он ҷо амалӣ мегарданд, иштирок мекунанд.




           

Ба иттилои манбаъ, дар семинар инчунин масоили расидан ба аҳдофи роҳандозии фаъолияти соҳаи тандурустӣ, нақши татбиқи амалии лоиҳаҳои тандурустии ҷамоавӣ ва заминавӣ, низоми иттилоотӣ чун қисми муҳими ислоҳоти хоҷагиву молиявӣ, молиягузории фардии табобати беморон, барқарорсозӣ ва таҷдиди муассисаҳои тиббӣ ва роҳҳои бартараф сохтани мушкилоти мавҷудаи пизишкони оилавӣ низ мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт.


Реклама на asia+

Дар Бишкек Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ ва Шӯрои байнидавлатии ЕврАзЭС иштирок хоҳад кард

0



           

Душанбе. 7-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС), ки рӯзҳои 9-10-уми октябр дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.





           

Аз Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар мулоқоти сарони кишварҳои узви ИДМ ба масъалаи рушди ҳамкориҳои коммуникатсионӣ ва нақлиёт таваҷҷӯҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.




           

Ғайр аз ин, дар назар аст, ки соҳаи энергетика чун бахши калидии муносибатҳои ҳамкории мутақобилаи кишварҳо муайян карда шуда, соли 2009 – Соли ҷавонон дар ИДМ эълон гардад.




           

Зикр гардид, ки дар ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии ЕврАзЭС масоили ҳамгиройии минбаъдаи иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар роҳи раҳоӣ аз бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт.




           

«Дар доираи сафари дурӯза Э.Раҳмон инчунин бо ҳамтоҳои худ аз кишварҳои узви ИДМ ва ЕврАзЭС дидору гуфтушунид хоҳад кард», – афзуд манбаъ.




           

Ёдрас мекунем, ки кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Белорус узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мебошанд.


Реклама на asia+

Додгоҳи олии Тоҷикистон гумонбаршудаи охирин дар қатли Олимпурро ба 15 соли зиндон маҳкум кард

0


Душанбе. 7-уми октябр – Додгоҳи олии То


ҷ


икистон бо эълони як ҳукм Насрулло Шарифов, сокини ноҳияи Ваҳдатро, ки дар қатли хабарнигори Би-Би-Си ва аз чеҳраҳои маъруфи фарҳангии То


ҷ


икистон Муҳиддин Олимпур гунаҳгор дониста мешуд, бо мусодираи амвол ба 15 соли зиндон маҳкум кард.




Муҳаммадал


ӣ


Юсупов, суханг


ӯ


и додгоҳи олии То


ҷ


икистон, ин иттилоъро тасдиқ намуд ва афзуд, Насрулло Шарифов бар иловаи қатли Муҳидиини Олимпур ҳамчунин дар чанд амали террорист


ӣ


ва куштор му


ҷ


рим дониста мешуд. Тибқи иттилоъи ин манбаъ, муттаҳам Насрулло Шарифов, ки тақрибан 38 сол дорад, дар таърихи 12-уми декабри соли 1995 бо истифода аз таппончаи «Макаров» бо ду тир – яке ба пешон


ӣ


ва дигаре ба сина –

 

Муҳиддин Олимпурро ба қатл расондааст.



Дар соли 2003 додгоҳи олии То


ҷ


икистон ду нафар – Адҳам Тоҳиров ва Назрибек Давлатов, сокинони ноҳияи Ваҳдатро дар қатли Муҳиддин Олимпур ва Виктор Никулин, хабарнигори русзабони То


ҷ


икистон, гунаҳгор дониста, ба зиндон маҳкум карда буд.



Бино ба иттилои Додгоҳи Олии То


ҷ


икистон моҳи сентябри соли гузашта додгоҳ Аслам Усмоновро ҳамчун ҳамшарики Насрулоҳ Шарифов дар қатли Муҳиддин Олимпур му


ҷ


рим дониста 15 соли равонаи зиндон намуд. Ҳамин манбаъ иттилоъ медиҳад, ки шарики дигари Насрулоҳ Шарифов чанд соли қабл бар асари кадом бемор


ӣ


даргузаштааст.


Реклама на asia+

Эълони рӯзи мотам дар Қирғизистон

0




               




Душанбе. 7-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ба хотири қурбониёни заминларза имр


ӯ


з дар Қирғизистон р


ӯ


зи мотам эълон карда шуд. Расонаҳои хабарии Қирғизистон иттилоъ медиҳанд, ки дар ин бора сарвари давлат фармон ба имзо расонидааст. Президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ба маҳалли офат рафта, бо


ҷ


араёни бартарафсозии оқибатҳои заминларза аз наздик шинос шуд. Дар ҷумҳурӣ фонди кӯмак ба осебдидагон ба фаъолият шурӯъ кард. Чанде қабл кӯмаки башардӯстонаи Русия иборат аз палаткаву кампалҳои гарм, таҷҳизоти гармидиҳӣ ва доруворӣ ба ин кишвар расонида шуд. Сарони кишварҳои зиёде, аз ҷумла Тоҷикистону Русия ва Қазоқистон ба мардуми қирғиз изҳори ҳамдардӣ карданд.

 






           

Агентии иттилоотии «24


kg


» бо истинод ба шӯъбаи навбатдории Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон хабар медиҳад, ки тибқи маълумоти ахир, шумораи қурбониёни зилзила дар деҳаи Нури ноҳияи Олой ба 74 нафар расида, ки 41 нафари он к


ӯ


дакон мебошанд.

   





           

Гуфта мешавад, ки 110 нафар сокинони осебдида ба беморхонаҳои шаҳри Ош интиқол дода шуда, 13 нафар захмиён дар бемористони Олой ҷой дода шудаанд. Дар ҷои ҳодиса корҳои наҷотдиҳиву чустуҷӯӣ идома доранд.




           

Ҳукумати кишвар қарор кардааст, баҳри осебдидагон, ки аз манзили зист маҳрум шудаанд, 35 млн. сом (наздик ба $1 млн.) маблағ ҷудо кунад. Инчунин аз фондҳои сарвазир ва президенти Қирғизистон ба оилаҳои осебдида боз 2 млн. сом маблағ ихтисос дода мешавад.




           

Дар ҳамин ҳол, зилзилашиносон мегӯянд, ки имкони такрори зилзилаҳо мавҷуд аст ва шаби 6-уми октябр ҳудуди сад зилзила ба қайд гирифта шудааст, ки 15-тои он заминларзаи шадид буданд.


Реклама на asia+

Президенти Тоҷикистон ба унвони президенти Қирғизистон барқияи ҳамдардӣ фиристод

0



Душанбе. 7-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон 6 октябр ба унвони Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев барқияи ҳамдардӣ фиристод.




Дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Мардуми Тоҷикистон аз хабари ба амал омадани зилзилаи сахт дар мамлакати Шумо ва дар натиҷаи он қурбон гардидани одамон ва ҳисороти зиёди молии ин фалокати табиӣ сахт андӯҳгин гардид. Дар ин лаҳзаҳои пур аз ғаму андӯҳ аз Шумо хоҳишмандам аз номи Ҳукумат ва халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли оила ва хешу таборони шахсони ҳалокшуда ва осебдида ҳамдардии самимонаи моро расонед. Ҳукумати Тоҷикистон тайёр аст дар рӯҳияи анъанаҳои чандинасраи дӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва дастгирии ҳамдигар ба халқи бародари қирғиз то ҳадди имкон кӯмаки башардӯстона расонад». Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.



Реклама на asia+

Дар Душанбе намоишгоҳи байнулмилалии «Тандурустӣ – DIHE 2008» ифтитоҳ мегардад

0



           

Душанбе. 27-уми сентябр – Имрӯз дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоишгоҳи навбатии чаҳоруми байнулмилалии «Тандурустӣ –


DIHE


2008» баргузор мешавад.





           

Намояндагони ширкати «


ITECA




Osiyo


» (Бритониёи Кабир») ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар намоишгоҳ намояндагони ҳудуди 30 ширкат аз 15 кишвари дунё иштирок мекунанд. Дар намоишгоҳ ширкату корхонаҳои давлатҳои Маҷористон, Белгия, Эрон, Русия, Украина, Шветсия, Арманистон, Ҷопон, Олмон, Белорус, Туркия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон маҳсулоти худро ба маърази тамошо мегузоранд.



Бино ба иттилои манбаъ, намоишгоҳ аз ҷониби ширкати намоишгоҳҳои Бритониёи Кабир «


ITECA




Osiyo


и


I


.


T


.


E


.

 



E


&


C




Ltd


», ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ, Палатаи савдо ва саноат, Маркази ташхис ва сертификатсияи доруворӣ ва техникаи тиббии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии илмиву муолиҷавии «Стоматолог»

 

созмон дода шуда, дар он бори нахуст ширкатҳои соҳаи тибби Чин иштирок мекунанд.




           



Дар намоишгоҳ ҳама гуна тамоили муосири рушди соҳаи тандурустӣ таҷассум гардида, он бо мақсади мусоидат ба ҷалби сармоягузорӣ, ҷорисозии технологияи нав, дастовардҳои тозаи илмии тиббӣ ва таъмини бозор бо доруворӣ гузаронида мешавад. Намоишгоҳ табибони та


ҷ


рибакунандаро бо технологияи нав дар соҳаи тандуруст


ӣ


, инчунин бо дорувор


ӣ


ва асбоҳои нави тибб


ӣ


ошно менамояд.




           



Мувофиқи пешгӯии созмондиҳандагон, намоишгоҳ ҳудуди 4 ҳазор намояндаи соҳаи тандурустии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва давлатҳои хориҷи дурро сарҷамъ хоҳад кард. Қобили зикр аст, ки ин намоишгоҳ дар ҷомеа ва дар байни мутахассисону коршиносони соҳаи тандурустии Тоҷикистон нуфузу ҷойгоҳи муҳимеро касб кардааст. Соли гузашта дар кори намоишгоҳ 35 ширкат аз 18 кишвари дунё иштирок карданд.


Реклама на asia+

Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон Протоколи Аҳдномаи мамлакатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба тағйирёбии иқлим баррасӣ шуд

0


Душанбе. 7-уми октябр – Дирӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид. Дар он Протоколи Аҳдномаи мамлакатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба тағйирёбии иқлим, ки 11- декабри соли 1997 дар Киото қабул шудааст, қарор дар бораи маблағгузорӣ барои иҷрои нақшаи чорабиниҳои татбиқи барномаи рушди асосҳои иҷтимоиву тиббии беҳтар сохтани шароити зиндагӣ ва барқарор намудани қобилияти кории ветеранҳои ҷанг, иштирокчиёни муноқишаҳои маҳдуд, амалиёти сулҳҷӯёна ва осебдидагони амалиёти террористӣ дар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар давоми солҳои 2006-2010, протоколи ворид намудани тағироту иловаҳо ба Созишномаи эътирофи мутақобилаи ҳуқуқи рафту омади имтиёзноки маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, инчунин шахсони ҳуқуқашон ба онҳо баробаркардашуда аз 12 марти соли 1993, масъалаи ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Аҳдномаи Созмони байналмилалии моликияти зеҳнӣ оид ба ҳуқукӣ муаллиф лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» ва нишондиҳандаҳои «Барномаи миёнамӯҳлати буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2011» баррасӣ шуданд.





      

Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Маҳбуба Нуриддинова ва Додихудо Саймуддинов роҷеъ ба моҳияти ин ҳуҷҷатҳои муҳим ибрози ақида карданд. Баъзе ҳуҷҷатҳои баррасишуда ба иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон ва баъзе ҳуҷҷатҳо барои такмилу таҷдид ва хулосабарорӣ ба шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон фиристода шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.


Реклама на asia+