Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар вазифааш монд

Дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ имрӯз номзадии Прокурори генералии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Аъзои палатаи болоии парлумон барои таъини дубораи Юсуф Раҳмон ба ин вазифа ризоият доданд. Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ бо фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гузаронида шуд. Мутобиқи моддаи 56 қисми 4-и Конститутсияи ҶТ, ризоият барои таъин ва озод намудани Прокурори генералӣ […]

Asia-Plus

Дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ имрӯз номзадии Прокурори генералии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Аъзои палатаи болоии парлумон барои таъини дубораи Юсуф Раҳмон ба ин вазифа ризоият доданд.

Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ бо фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гузаронида шуд.

Мутобиқи моддаи 56 қисми 4-и Конститутсияи ҶТ, ризоият барои таъин ва озод намудани Прокурори генералӣ ва муовинони ӯ дар салоҳияти Маҷлиси миллӣ мебошад.

Генерал-полковники адлия Юсуф Раҳмон аз 23-юми январи соли 2015 дар вазифаи Прокурори генералии ҶТ фаъолият карда, акнун ваколатҳои ӯ барои 5 соли оянда тамдид шудааст.

Ҳасби ҳол: Раҳмон Юсуф Аҳмадзод 22-юми марти соли 1966 дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.

Соли 1991 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст.

Аз июли соли 1991 – муфаттиши прокуратураи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе.

Аз августи соли 1992 – муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе.

Аз феврали соли 1993 – муфаттиш оид ба корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии ҶТ.

Аз ноябри соли 1993 – муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии ҶТ.

Аз декабри соли 1995 – прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе.

Аз феврали соли 1997 – муовини сардори Раёсат – сардори шуъбаи тафтишотии Сарпрокуратураи ҳарбии ҶТ.

Аз октябри соли 1998 – Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.

Аз июни соли 2002 – Прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.

Аз феврали соли 2004 – муовини Прокурори генералӣ – Сарпрокурори ҳарбии ҶТ.

Аз 5-уми марти соли 2010 то 30-юми январи соли 2012 – Прокурори вилояти Суғд.

Аз 30-юми январи соли 2012 то 14-уми декабри соли 2014 – сардори шуъбаи бехатарии ҷамъиятии Дастгоҳи Шӯрои амнияти ҶТ.

Аз 14-уми декабри соли 2014 то 23-юми январи соли 2015 – муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ.

Донандаи забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.