Эмомалӣ Раҳмон дар Файзобод кадом иншоотро ба истифода дод?

Дирӯз, 30-юми сентябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари кории худ ба  ноҳияи Файзобод чанд иншооти навро ифтитоҳ кард. Нахуст, раисҷумҳур дар ин ноҳия аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ боздид кардааст. Ба иттилои расмӣ, соли ҷорӣ кишоварзони ноҳияи Файзобод майдони кишти зироатҳои кишоварзиро ба 10 ҳазору 214 гектар расонидаанд. “Бартарӣ ба зиёд намудани масоҳати кишти […]

Asia-Plus

Дирӯз, 30-юми сентябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари кории худ ба  ноҳияи Файзобод чанд иншооти навро ифтитоҳ кард.

Нахуст, раисҷумҳур дар ин ноҳия аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ боздид кардааст. Ба иттилои расмӣ, соли ҷорӣ кишоварзони ноҳияи Файзобод майдони кишти зироатҳои кишоварзиро ба 10 ҳазору 214 гектар расонидаанд.

“Бартарӣ ба зиёд намудани масоҳати кишти ғалладонагӣ, лубиёгиҳо, зироатҳои техникӣ, картошка, сабзавот ва полезӣ, ки иқлими ноҳия барои кишту парвариши онҳо бештар мусоид мебошад, дода шудааст, – гуфта мешавад дар хабари расмӣ.

Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатиро дар ин ноҳия ифтитоҳ кардааст, ки дар он дар баландии 55 метр барафрохта шуд. Дарозии матоъи парчам 14 ва паҳноиаш 7 метрро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, дар ин майдон раисҷумҳур аз руйи пайкараи Исмоили Сомонӣ пардабардорӣ кард. Баландии ин муҷассама 7 метр ва зерпояи он 5 метрро ташкил медиҳад.

Дар идома раисиҷумҳур бинои нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва шӯъбаи нави маорифи ноҳияро ифтитоҳ намудааст.  

Бинои нави ҳизб се ошёнагӣ буда дар масоҳати 375 метри мураббаъ бунёд шудааст. Он дорои 6 ҳуҷраи корӣ, бойгонӣ ва маҷлисгоҳ будааст.

Бинои шӯъбаи маориф дар се ошёна бунёд  шуда, дорои 15 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ мебошад. 

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо лоиҳаи банақшагирии ҷамоати шаҳраки Вашгирд шинос шудааст.  Тибқи иттилои расмӣ шаҳраки нав дар масоҳати 163 гектар замин бунёд шуда, барои зиндагии 90 ҳазор кас пешбинӣ шудааст.

Тибқи лоиҳа бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, 5 мактаб, 3 кӯдакистон ва биноҳои маъмурии мақомоти давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Сипас раисҷумҳур барои бунёди мактаб барои 1280 хонанда дар ду баст ва кӯдакистон барои 240 кӯдак дар деҳаи Шерамон санги асос гузоштааст.

Бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави Маркази ташхису табобат ба истифода дода шудааст.

Тибқи иттилои расмӣ, бинои асосӣ дар масоҳати 3 375 метри мураббаъ дар се ошёна бунёд шудааст. Он дорои 214 ҳуҷра барои беморон бо 226 кат будааст.

Дар ин марказ, шуъбаҳои қабул ва ташхис, ёрии таъҷилӣ, ҷарроҳӣ, таваллудхона, шуъбаи табобати интенсивӣ барои кӯдакону калонсолон мебошад.

Дар идома раисҷумҳур бинои нави Маркази саломатии деҳаи Сафедхоки ноҳияи мазкурро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ кардааст. Гуфта мешавад, ки бинои нави табобатӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар масоҳати 760 метри мураббаъ сохта шудааст.

Бино аз дуошёна иборат буда, дорои 14 ҳуҷраи корӣ ва 8 кати хоб аст. Дар ин марказ 12 мутахассиси маҳалӣ бо кор таъмин шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар интиҳои сафари корӣ дар ноҳияи  Файзобод аз қитъаи замини помидори хоҷагии деҳқонии Чаноро  ва боғи хоҷагии деҳқонии Солеҳҷон  боздид кардааст.

Тибқи иттилои расмӣ майдони умумии хоҷагии деҳқонии Чаноро 611 гектар буда, дар 4 гектари он помидор парвариш карда мешавад. Хоҷагии деҳқонии Солеҳҷон дар масоҳати 1 гектар замин ташкил шудааст, ки дар он навъҳои гуногуни драхтони мева шинонида шудаанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова