Корҳои иктишофӣ дар конҳои уран баъди ду сол ба итмом мерасанд

Корҳои геологиву иктишофӣ дар конҳои урани минтақаи ғарби Тоҷикистон соли 2015 ба итмом мерасанд. Айни замон дар ду минтақаи урандори ноҳияи Ҳисор фаъолияти геологҳои тоҷик дар ин самт босуръат ҷараён дорад. Бино ба маълумоти сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Азими Иброҳим, маълумоти дастрасшуда аз ин минтақа умедворкунандаанд, лекин дар бораи он ҳанӯз ҳарф задан […]

Заррина Эргашева


Корҳои геологиву иктишофӣ дар конҳои урани минтақаи ғарби Тоҷикистон соли 2015 ба итмом мерасанд. Айни замон дар ду минтақаи урандори ноҳияи Ҳисор фаъолияти геологҳои тоҷик дар ин самт босуръат ҷараён дорад.

Бино ба маълумоти сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Азими Иброҳим, маълумоти дастрасшуда аз ин минтақа умедворкунандаанд, лекин дар бораи он ҳанӯз ҳарф задан барвақт аст. «Шояд минбаъд ин минтақаҳо муттаҳид карда шаванд, зеро бевосита наздики ҳамдигар қарор доранд. Тамоми корҳои иктишофӣ аз ҷониби буҷети кишвар маблағгузорӣ мешаванд», – шарҳ дод ӯ.

Ба қавли вай, феълан Корпоратсияи давлатии «Росатом»-и Русия ва як ширкати фаронсавӣ ба минтақаҳои урандори Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. Ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати фаронсавӣ оид ба ин масъала гуфтушунид дошта, ҷонибҳо то ҳол дар бораи фаъолияти муштарак ба мувофиқа нарасидаанд. «Росатом» ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахши истихроҷи уран дар давоми солҳои зиёд манфиатдор аст.

Бино ба маълумоти ВАО-и Русия, ҳукумати Русия лоиҳаҳои созишномаи аз ҷониби «Росатом» пешниҳодшуда миёни ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи ҳамкорӣ дар бахши истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоиштаро маъқул шуморидааст.

Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ маҳз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ истеҳсолкунандагони асосии уран маҳсуб меёфтанд. Коршиносон бар ин назаранд, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар партовгоҳҳои Қирғизистону Ӯзбекистон ва Тоҷикистон беш аз 100 млн. тонна партовҳои радиоактивӣ боқӣ мондаанд.

Тибқи баъзе маълумот, дар қаламрави Тоҷикистон 13-14%-и захираҳои ҷаҳонии уран маҳфузанд. Конҳои бузургтарини уран ҳанӯз солҳои 1945-1955 дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ кашф гардида, то ахири солҳои 80-ум коркард шуданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.