Ҷамъоварии ҳудуди 440 ҳазор тонна картошка дар ҷумҳурӣ

То имрӯз дар Тоҷикистон ҳудуди 440 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 140 ҳазор тонна зиёдтар аст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, ин миқдор ҳосили картошка ба 95%-и нақшаи пешбинишуда баробар аст. «Соли равон ҳосилнокии картошка тақрибан 20% зиёд шуда, аз ҳар гектар […]

Пайрав Чоршанбиев


То имрӯз дар Тоҷикистон ҳудуди 440 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 140 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, ин миқдор ҳосили картошка ба 95%-и нақшаи пешбинишуда баробар аст. «Соли равон ҳосилнокии картошка тақрибан 20% зиёд шуда, аз ҳар гектар 215 сентнерро ташкил медиҳад», – гуфтанд дар Вазорати кишоварзӣ.

Ба иттилои манбаъ, соли равон картошка дар майдони беш аз 20,6 ҳазор гектар парвариш ёфта, майдони кишт нисбат ба соли гузашта 563 гектар зиёдтар аст. «Айни замон дар 20,3 ҳазор гектар ҷамъоварии ҳосили картошка ба анҷом расид», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки соли равон дар саросрари кишвар ҷамъоварии зиёда аз 460 ҳазор тонна ҳосили картошка дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.