Ҷамъбасти озмунҳои «Элитаи бизнеси Тоҷикистон» ва «10 менеҷери беҳтарини Тоҷикистон»

Имрӯз дар бинои осмонбӯси пойтахт – МД «Душанбе-Плаза» маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳои озмунҳои «Элитаи бизнеси Тоҷикистон» ва «10 менеҷери беҳтарини Тоҷикистон» баргузор мегардад. Ташаббускори озмун Ассотсиатсияи Миллии менеҷерон ва маркетингшиносон мебошад. Бино ба маълумоти созмондиҳандагони озмун, максади баргузории озмун – баланд бардоштани эътибори соҳибкории ватанӣ тавассути менеҷерон-идоракунандагони болаёқат аст. Дар озмуни «Элитаи бизнеси Тоҷикистон» ғолибон […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар бинои осмонбӯси пойтахт – МД «Душанбе-Плаза» маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳои озмунҳои «Элитаи бизнеси Тоҷикистон» ва «10 менеҷери беҳтарини Тоҷикистон» баргузор мегардад. Ташаббускори озмун Ассотсиатсияи Миллии менеҷерон ва маркетингшиносон мебошад.

Бино ба маълумоти созмондиҳандагони озмун, максади баргузории озмун – баланд бардоштани эътибори соҳибкории ватанӣ тавассути менеҷерон-идоракунандагони болаёқат аст.

Дар озмуни «Элитаи бизнеси Тоҷикистон» ғолибон дар номинатсияҳои: «Кашфиёти сол», «Боварї», «Шарики боэътимод», «Сифат», «Тамғаи мо», «Инноватсия», «Масъулияти иҷтимоии бизнес», «Бизнес-стил», «Пешсафи минтақа», «Музаффарият» ва дар озмуни «10 беҳтарин менеҷери Тоҷикистон» дар номинатсияҳои: «Бонуи соҳибкор», «Менеҷери ояндадор», «Роҳбари ҷӯянда», «Роҳбари пурмањсул», «Роҳбари навовар» муайян гардиданд.

Лауреатњои озмуни  «Элитаи бизнеси Тоҷикистон» инҳо мебошанд: КВД “Ширкати  алюминии тоҷик”, ҶДММ «Аспендос Тревел», ҶДММ “Алкон – Душанбе”, ҶДММ “БДО”, ҶДММ “Вавилон-Т”, ҶДММ  “ДОРО”, ҶДММ “Мир ФОТО”,  ҶДММ “Об- Ҳаёт”, ҶДММ “Орзманд инжиниринг”, ҶДММ “Ред Лайн”, ҶДММ “РУХОМ”,  ҶДММ “Текстил-Сити”, ҶДММ “Тоҷ Сохтмон Байналмиллал”, ҶДММ “Тоҷик – Мармар”, ҶСП  “Гулистон”, ҶСП  “Комбинати шири Душанбе”, ҶСП “Рос-Азия Инвест”, ҶСП “Таҷам”, ҶСК “Авитсенна”, ҶСК “Мурғи Ҳилол”

Лауреатҳои озмуни  «10 менеҷери беҳтарини Тоҷикистон»: Искандарӣ Ҳодӣ Саид – ҶДММ “Об-Ҳаёт”, Шералишо Кабиров – КВД “Ширкати алюминии тоҷик”, Нуралӣ Ниёзов  – ҶСП “ТАДЕС”, Маҳмадалӣ Одинаев -ҶСК “Мурғи Ҳилол” Файзобод, Тоҷидин Пиров – ҶСП “Тоҷиксодиротбонк”,   Нуринисо Рустамова – ҶСП ТДХ (ЗАО МДО) «Боварӣ ва Ҳамкорӣ», Зайд Саидов – Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони Тоҷикистон, Хазаралӣ Cаидов – ҶСП “Комбинати шири Душанбе”, Игор Умаров – ҶСП “Таҷам”, Беҳзод Файзуллоев – ҶДММ “Вавилон-Т”.

Озмунҳои «Элитаи бизнеси Тоҷикистон» ва «10 менеҷери беҳтарини Тоҷикистон» бо мақсади ошкор ва тарғиб намудани сарварони соҳаи соҳибкори, таҳкими рақобати солим дар бозор, баланд бардоштани обрӯи ширкатҳои ватанӣ ва рейтинги инвеститсионӣ, вусъат додани фаъолияти тиҷоратӣ, оммавигардонии ғояҳои масъулияти иҷтимоии бизнес гузаронида шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.