Оғози фаъолияти 35 корхонаи нави истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ

Date:


Соли равон дар Тоҷикистон ҳудуди 35 корхонаи нави истеҳсоли масолеҳи сохтмон мавриди истифода қарор гирифтанд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи сементбарорӣ ҶДММ «Суғд семент» бо иқтидори солонаи 100 ҳазор тонна семент ба кор оғоз намуд, ки дар он 142 ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шудааст. Инчунин дар ноҳияҳои Ҷ. Расулов, Муъминобод, Ҳисор, Рӯдакӣ, Турсунзода, Данғара, Ваҳдат, Хуросон, Ғончӣ, Чкаловск ва Исфара корхонаҳои истеҳсоли хишт, қуму шағал, оҳакбарорӣ, коркарди санг ва гаҷбарорӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар корхонаҳои нав наздики 930 нафар шаҳрвандони кишвар бо ҷойи корӣ таъмин карда шуданд.

Дар ҳамин ҳол, иттилоъ дода мешавад, ки дар ноҳияи Ёвон аз ҷониби ҶДММ «Хуаксин ғаюр семент» сохтмони корхонаи сементбарорӣ (бо иқтидори 1 млн. тн семент дар як сол) идома дорад. Дар бунёди он 600 нафар коргарони хитоӣ ва 200 нафар коргарони маҳаллӣ фаъолият мекунанд. То имрӯз ба маблағи 75 млн. доллар корҳо анҷом дода шуда, таҷҳизоти технологӣ ворид карда шудааст.

Зикр мегардад, ки аз тарафи корхонаи ҶММ «Ваҳдат Хуалун» дар шаҳри Ваҳдат сохтмони заводи хурди сементбарорӣ, ки иқтидори истеҳсолии 50 ҳазор тонна сементро дар як сол ташкил мекунад, дар арафаи анҷомёбӣ мебошад. Инчунин сохтмони корхонаҳои бузурги сементбарорӣ дар ноҳияҳои Данғара ва Шаҳритус аз тарафи сармоягузорони хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки тибқи нақшаи ҳукумати Тоҷикистон, соли 2013 дар соҳаи истеҳсоли масолеҳи сохтмон ба истифода додани 25 корхонаи хурду миёна дар назар дошта шудааст.

Бино ба маълумоти вазорат, айни замон дар ҷумҳурӣ ҳудуди 200 корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмон фаъолият доранд, ки ҳамагӣ ҳашт корхона ба истеҳсоли семент машғул аст. Тибқи маълумоти пешакӣ, соли ҷорӣ дар кишвар 230 ҳазор тонна семент истеҳсол шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...