Вазорати фарҳанги Тоҷикистон соли оянда хоҳишмандони зиёрати хонаи Каъбаро ба навбат мегузорад

            Душанбе. 23-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ният дорад аз соли оянда тартиби навбатро барои зиёрати хонаи Каъба ҷорӣ созад.             Тавре сардори Раёсат оид ба корҳои дини вазорат Саидбек Маҳмадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, чунин тартибот дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла дар Эрон муддати 10 сол аст, ки амал мекунад. […]

Шаҳло Абдураҳимова



           

Душанбе. 23-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ният дорад аз соли оянда тартиби навбатро барои зиёрати хонаи Каъба ҷорӣ созад.





           

Тавре сардори Раёсат оид ба корҳои дини вазорат Саидбек Маҳмадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, чунин тартибот дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла дар Эрон муддати 10 сол аст, ки амал мекунад. Номбурда мегӯяд, ки ин иқдом бинобар сол аз сол афзудани сафи хоҳишмандони зиёрати Каъба дар ҷумҳурӣ пеш гирифта мешавад. «Зоирине, ки имсол муяссарашон нагашт ба ҳаҷ раванд, ба рӯйхати навбати соли оянда дохил карда мешаванд», – гуфт ӯ.




           

Ба қавли ӯ, айни замон рӯйхати ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соли равон сафари хонаи Каъба мераванд, омода шудааст. Имсол аз 5 ҳазор квотаи ҷудошудаи Арабистони Саъудӣ ба Тоҷикистон 138 нафар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 1 ҳазору 328 нафар аз вилояти Суғд, 1 ҳазору 538 нафар аз вилояти Хатлон, 494 нафар аз шаҳри Душанбе ва 1 ҳазору 2 нафар аз ноҳияҳои тобеи марказ ба зиёрати хонаи Каъба раҳсипор хоҳанд шуд.




           

С.Маҳмадуллоев афзуд, ки гурӯҳи аввалини зоирин аз Тоҷикистон 17-уми ноябр озими Арабистони Саъудӣ мегарданд. Ҳамлу нақли зоирин ба дӯши ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» вогузор шудааст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.