Дастаи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

Душанбе. 23-уми октябр – Дастаи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд барои севвумин бор барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид. Дастаи ғолиб дар бозии ниҳоӣ, ки дирӯз дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, тими «Энергетик»-и Душанберо бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Ҳарсе гол дар нимаи дуввуми дидор зада шуд. Маҳмадалӣ Содиқов, бозигари «Хуҷанд» ҳисобро боз кард. Голи дуввуми «Хуҷанд»-ро […]

ozodi.org


Душанбе. 23-уми октябр – Дастаи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд барои севвумин бор барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид.




Дастаи ғолиб дар бозии ниҳоӣ, ки дирӯз дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, тими «Энергетик»-и Душанберо бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.



Ҳарсе гол дар нимаи дуввуми дидор зада шуд. Маҳмадалӣ Содиқов, бозигари «Хуҷанд» ҳисобро боз кард. Голи дуввуми «Хуҷанд»-ро Шӯҳрат Шамсиев ба ҳадаф расонд. Баъдан бозигари ҷавони «Энергетик» Александр Франк, писари футболбози маъруфи тоҷик Александр Азимов, узви дастаи машҳури «Помир»-и Душанбе, ҳисобро тағйир дод.



Ҳамин тариқ дастаи «Хуҷанд» баъди 6 сол боз соҳиби Ҷоми Тоҷикистон гардид. Ин дафъа бозигарони Хуҷанд таҳти раҳбарии сармураббӣ Уроз Турақулов муваффақ гаштанд.




 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.