Ширкати ҳавопаймоии «КрасЭйр» қарзи КВДҲ «Тоҷик Эйр»-ро дар фурсати наздиктарин пардохт мекунад

Душанбе. 23-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе парвози ҳавопаймои Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Ширкати ҳавопаймоии Красноярск» ба иллати қарздор будани ширкат аз Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии (КВДҲ) «Тоҷик Эйр» боздошта шуд. Аз КВДҲ «Тоҷик Эйр» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки қарзи ин ширкат ба онҳо 89 ҳазор долллари амрико иро ташкил […]

Виктория Наумова


Душанбе. 23-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе парвози ҳавопаймои Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Ширкати ҳавопаймоии Красноярск» ба иллати қарздор будани ширкат аз Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии (КВДҲ) «Тоҷик Эйр» боздошта шуд. Аз КВДҲ «Тоҷик Эйр» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки қарзи ин ширкат ба онҳо 89 ҳазор долллари амрико

иро ташкил медиҳад.


Бино ба иттилои манбаъ, ҳудуди 50 нафар мусофир парвози ҳавопайморо бо хатсайри Душанбе-Красноярск дар фурудгоҳ интизорӣ мекашанд. «Намояндагони ширкати русиягӣ мегӯянд, ки то шоми имрӯз қарзро пардохт хоҳанд кард», – изҳор дошт манбаъ.




Зикр гардид, ки дар сурати пардохти маблағи қарз, парвози ҳавопаймо таъмин карда хоҳад шуд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.