Бо дастгирии БРО ва БҶ дар Тоҷикистон ду анбори бузурги гумрукии нигаҳдории нахи пахта сохта мешавад

            Душанбе. 22-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – То моҳи марти соли оянда Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ният дорад ду анбори бузурги гумрукии нигаҳдории нахи пахта бунёд созад.             Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов изҳор дошт, ки ин анборҳо дар вилояти Суғду Хатлон барои кӯмак ба хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ бо дастгирии Бонки рушди Осиё (БРО) ва Бонки […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 22-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – То моҳи марти соли оянда Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ният дорад ду анбори бузурги гумрукии нигаҳдории нахи пахта бунёд созад.





           

Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов изҳор дошт, ки ин анборҳо дар вилояти Суғду Хатлон барои кӯмак ба хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ бо дастгирии Бонки рушди Осиё (БРО) ва Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) сохта мешаванд.




           

Ба қавли ӯ, барои нигоҳдории маҳсулоти сертификатшуда, ки ба хориҷи кишвар бароварда мешавад, хоҷагиҳои деҳқонӣ маблағи ночизе – 0,1-0,5 дарсад аз арзиши умумии пахтаи коркардшударо пардохт мекунанд.



Қ.Қосимов афзуд, ки бунёди анборҳои гумрукӣ барои пардохти қарзҳо низ кӯмак хоҳад кард, зеро қаблан бинобар мавҷуд набудани анбор онҳо маҳсулоташонро дар корхонаҳои коркарди пахта нигоҳ медоштанд ва барои он ба корхона маблағи муайяне пардохт менамуданд, ки ин ба қарзи онҳо зам мегардид.




           



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.