Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон оғоз ёфтанд

Душанбе. 22-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми имрӯз дар «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар консерти пуршукӯҳе, ки ба ин муносибат доир мегардад, устодони санъати Қазоқистон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар маросими ифтитоҳ муовини вазири фарҳанг ва […]

Виктория Наумова


Душанбе. 22-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми имрӯз дар «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар консерти пуршукӯҳе, ки ба ин муносибат доир мегардад, устодони санъати Қазоқистон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.




Аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар маросими ифтитоҳ муовини вазири фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон ва Минбой Дархон, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Абдулатиф Аҳмедов ва вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ иштирок мекунанд.



Бино ба иттилои манбаъ, дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод намоишгоҳи асарҳои рассомони қазоқ боз гардида, дар кинотеатри «Ҷомӣ» намоиши филмҳои коргардонҳои қазоқ шурӯъ шуд..



Чорабиниҳои фарҳангӣ то рӯзи 24-уми октябр идома ёфта, он бо консерти пуршукӯҳи устодони санъати Қазоқистон ва ситораҳои эстрадаи Тоҷикистон ба анҷом хоҳад расид.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.