Соҳибкорони Тоҷикистон масъалаи танзими тиҷорат дар соҳаи хизматрасониро муҳокима мекунанд

            Душанбе. 22-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаи минтақавии USAID дар шаҳри Душанбе барои намояндагони бахши хусусии иқтисоди Тоҷикистон семинар дар мавзӯи «Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) ва танзими тиҷорат дар соҳаи хизматрасонӣ тибқи талаботи СҶТ» ба кор шурӯъ кард.             Тавре менеҷери минтақавии робита бо ҷомеаи лоиҳаи мазкур Василина Бражко ба […]

Виктория Наумова



           

Душанбе. 22-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаи минтақавии


USAID


дар шаҳри Душанбе барои намояндагони бахши хусусии иқтисоди Тоҷикистон семинар дар мавзӯи «Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) ва танзими тиҷорат дар соҳаи хизматрасонӣ тибқи талаботи СҶТ» ба кор шурӯъ кард.





           

Тавре менеҷери минтақавии робита бо ҷомеаи лоиҳаи мазкур Василина Бражко ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар семинар атрофи масоили мусоидат ба ҳукумати ҷумҳурӣ барои омӯзиши дақиқи Созишнома дар бораи тиҷорат дар соҳаи хизматрасонӣ, ки дар қатори Созишнома дар бораи кишоварзӣ ва Созишнома дар бораи моликияти зеҳнӣ яке аз созишномаҳои калидӣ барои узвият ба СҶТ маҳсуб мегардад, табодули афкор сурат хоҳад гирифт.



«Соли 2001 президенти Тоҷикистон дар Паёми худ ба парлумони ҷумҳурӣ оид ба узвияти ҳарчӣ зудтари кишвар ба созмон ибрози назар намуда, бори дигар собит сохт, ки ҳукумати ҷумҳурӣ ба ислоҳоти заминаи қонунгузорӣ ва иқтисодӣ мувофиқи талаботи СҶТ омода аст», – гуфт коршиноси масоили тиҷорат дар соҳаи хизматрасонии лоиҳаи


RTLC




Ричард Селф ва афзуд, ки изҳороти мазкур қарори қатъии кишварро ҷиҳати пайвастан ба иқтисоди минтақавиву ҷаҳонӣ нишон медиҳад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.