Оғози интиқоли нерӯи барқи Туркманистон

            Душанбе. 22-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ изҳор дошт, ки аз моҳи ноябр интиқоли нерӯи барқи Туркманистон ба Тоҷикистон оғоз мегардад.             Ба қавли ӯ, дар шаҳри Алмаато энергетикҳои ӯзбек гуфтаанд, ки таъмири хати интиқоли барқи Туркманистон ба Тоҷикистон тавассути ин кишвар то моҳи ноябр ба анҷом мерасад. […]

Пайрав Чоршанбиев/Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 22-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ изҳор дошт, ки аз моҳи ноябр интиқоли нерӯи барқи Туркманистон ба Тоҷикистон оғоз мегардад.





           

Ба қавли ӯ, дар шаҳри Алмаато энергетикҳои ӯзбек гуфтаанд, ки таъмири хати интиқоли барқи Туркманистон ба Тоҷикистон тавассути ин кишвар то моҳи ноябр ба анҷом мерасад. «Барои транзити интиқоли нерӯи барқ мо ба ҷониби Ӯзбекистон 0,3 сент маблағ пардохт мекунем», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи раиси ширкати «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев, аз 1-уми ноябр то 31-уми декабри соли ҷорӣ бо арзиши 3 сент барои 1кВт/соат ба Тоҷикистон 400 млн.кВт/соат нерӯи барқи Туркманистон интиқол дода мешавад.




           

Дар ҳамин ҳол, ӯ мегӯяд, ки аз ҳамин рӯз сар карда, дар саросари ҷумҳурӣ қарздорон аз истифодаи нерӯи барқ маҳрум карда мешаванд. «Аҳолӣ аз истифодаи нерӯи барқ ба маблағи 174 млн. сомонӣ қарздор аст, миёни корхонаҳои кишвар қарзи аз ҳама бештар, ки

 

наздик ба 100 млн. сомонӣ баробар аст, ба дӯши Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ аст», – гуфт ӯ.




           

Ёдрас мекунем, ки дар нишастҳои ИДМ ва ЕврАзЭС дар Бишкек сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷиҳати интиқоли нерӯи барқи Туркманистон ба кишвари мо тариқи шабакаҳои барқи Ӯзбекистон мувофиқа ҳосил карданд. Тибқи созишномаи соли 2007 миёни Туркманистону Тоҷикистон,

 

кишвари ҳамсоя бояд то соли 2012 ба Тоҷикистон ҳамасола дар давраи тирамоҳу зимистон дар ҳаҷми 1,2 млрд. кВт/соат нерӯи барқ интиқол диҳад, вале мувофиқи маълумоти Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, соли гузашта аз Туркманистон ба миқдори 944 млн. кВт/соат нерӯи барқ ворид гардидааст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.