БҶ: Аз фурӯши квотаи ихроҷи газҳои буғшаванда Тоҷикистон ҳамасола метавонад аз 70 то 80 млн. доллари амрикоӣ даромад ба даст орад

Душанбе. 22-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Корманди дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Азиз Ҳайдаров зимни маърӯза дар конфронси байнулмилалии «Энергияи тоза – имконоти ҷадиди рушди сарчашмаҳои энергияҳои барқароршаванда ва алтернативӣ дар Тоҷикистон», ки субҳи имрӯз дар қароргоҳи ҳукуматии «Пуғус» ба кор шурӯъ кард, изҳор дошт, ки Бонки ҷаҳонӣ иқдомоти ҳукумати ҷумҳуриро ҷиҳати таҳкиму тақвияти амнияти […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 22-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Корманди дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Азиз Ҳайдаров зимни маърӯза дар конфронси


байнулмилалии «Энергияи тоза – имконоти ҷадиди рушди сарчашмаҳои энергияҳои барқароршаванда ва алтернативӣ дар Тоҷикистон», ки субҳи имрӯз дар қароргоҳи ҳукуматии «Пуғус» ба кор шурӯъ кард, изҳор дошт, ки Бонки ҷаҳонӣ иқдомоти ҳукумати ҷумҳуриро ҷиҳати таҳкиму тақвияти амнияти энерегетикии кишвар дастгирӣ мекунад.




Ба қавли ӯ, соли 1990 ихроҷи газҳои буғшаванда ба фазо дар Тоҷикистон ба 24 ҳазор гигатонн баробар буд, вале бар асари бӯҳрони иқтисодӣ аз соли 1994 то имрӯз он ба 4 ҳазор гигатонн поин рафтааст. Номбурда мегӯяд, ки феълан Тоҷикистон ҳамагӣ 30 дарсади квотаи ҷудошуда барои ихроҷи газҳои буғшаванда ба фазоро истифода мебарад ва 70 дарсади квотаи боқимондаро метавонад фурӯшад.



Ба назари коршиносон, аз фурӯши ин миқдори квота Тоҷикистон ҳамасола метавонад аз 70 то 80 млн. доллари амрикоӣ даромад ба даст орад. А.Ҳайдаров афзуд, ки соли 2012 амали созишнома оид ба Протоколи Киото ба анҷом мерасад ва аз иштирокдорони конфронс даъват ба амал овард, ки аз ҳамин рӯз ба таҳия кардани тарҳи ҷадиди созишнома шурӯъ кунанд.

 



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.