Агрегати саввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» дар даҳаи аввали моҳи декабр мавриди истифода қарор мегирад

            Душанбе. 22-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Агрегати саввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1», ки мувофиқи нақша бояд нимаи ҳамин моҳ ба кор медаромад, дар даҳаи аввали моҳи декабр мавриди истифода қарор мегирад.             Сабаби таъхири ба истифода додани агерегати саввумро вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ ба он марбут медонад, ки «корхонаи истеҳсолкунандаи таҷҳизот аз Русия […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 22-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Агрегати саввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1», ки мувофиқи нақша бояд нимаи ҳамин моҳ ба кор медаромад, дар даҳаи аввали моҳи декабр мавриди истифода қарор мегирад.





           

Сабаби таъхири ба истифода додани агерегати саввумро вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ ба он марбут медонад, ки «корхонаи истеҳсолкунандаи таҷҳизот аз Русия таъмини дастгоҳу таҷҳизоти заруриро ду ҳафта дертар ба иҷро расонидааст».



Ба қавли ӯ, айни замон ҳудуди 95 дарсади корҳои омодагии насби агерегати саввуми нерӯгоҳ ба анҷом расидаанд.



Ёдрас мекунем, ки агрегатҳои якум ва дуввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» моҳҳои январ ва июни соли ҷорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буданд. Ба истифода додани агрегати чаҳорум ахири соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.





Маълумотнома:








Нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-1» бо ғунҷоиши 670 МВт дар 100 километрии ҷануби шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Лоиҳаро ба таври муштарак Тоҷикистону Русия амалӣ месозанд. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия 75%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25%-и он ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.