ҲХДТ рӯзноманигоронро сари мизи гирд даъват мекунад

Имрӯз дар Душанбе таҳти унвони «Инъикоси арзишҳои миллӣ дар васоити ахбори умум» мизи гирд доир мегардад. Чорабинии мазкур аз ҷониби Маркази таблиғот ва таҳлили Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон созмон дода мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ситоди ҲХДТ хабар доданд, барои иштирок дар кори мизи гирд роҳбарони васоити ахбори умум давъат […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар Душанбе таҳти унвони «Инъикоси арзишҳои миллӣ дар васоити ахбори умум» мизи гирд доир мегардад.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Маркази таблиғот ва таҳлили Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон созмон дода мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ситоди ҲХДТ хабар доданд, барои иштирок дар кори мизи гирд роҳбарони васоити ахбори умум давъат шудаанд. Дар ҷараёни кори мизи гирд баргузор шудани маросими муаррифиномаи оғози фаъолияти Маркази таблиғот ва таҳлили Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва ҳамчунин сомонаи интернетии ҳизб дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, ғайр аз ин, дар чорабинӣ ба иштирокдорон баррасии масъалаи таъмини амнияти иттилоотии Тоҷикистон пениҳод хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки тирамоҳи соли равон дар Тоҷикистон маъракаи интихоботи президентӣ доир мегардад. Айни замон президенти Тоҷикистон раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.