Имрӯз дар Минск ҷаласаи навбатии раҳбарияти мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви Созмони Паймони Аҳдномаи Дастаҷамъи (СПАД) оид ба масъалаҳои муҳочирати ғайриқонуни дар ИДМ бо иштироки Котиби генералии СПАД Николай Бордюжа доир мегардад.
Иштирокчиёни ҷаласа чорабиниҳои махсуси муштарак дар доираи «Нелегал 2013» оид ба муқобилат ба муҳочирати ғайриқонуни, аз ҷумла кочоки инсон, инчунин ташаккули низоми табодули иттилоъ миёни мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СПАД дар ин соҳаро барасси хоҳанд кард.
Ҳамчунин масъалаи омоданамудани кадрҳо ва баланд бардоштани касбияти мутахассисон дар мубориза бо муҳочирати гайриқонуни матраҳ мегардад.
СПАД – иттиҳоди ҳарби сиёси буда, феълан Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон аъзоёни он мебошанд.


