Бунёди корхонаҳои нави истеҳсоли семент босуръат идома дорад

Дар Тоҷикистон корҳои сохтмони корхонаҳои нави истеҳсоли семент босуръат ҷараён доранд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, то имрӯз дар корхонаи муштараки «Хуаксин Гаюр Семент»-и Тоҷикистону Чин дар ноҳияи Ёвон, ки иқтидораш ба истеҳсоли 1 млн. тонна семент дар як сол баробар аст, 85 млн. $ маблағҳои […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар Тоҷикистон корҳои сохтмони корхонаҳои нави истеҳсоли семент босуръат ҷараён доранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, то имрӯз дар корхонаи муштараки «Хуаксин Гаюр Семент»-и Тоҷикистону Чин дар ноҳияи Ёвон, ки иқтидораш ба истеҳсоли 1 млн. тонна семент дар як сол баробар аст, 85 млн. $ маблағҳои пешбинигардида азхуд шуда, айни замон дар иншоот 560 нафар бинокорон машғули коранд ва 160 нафари онҳоро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.

Интизорӣ мравад, ки барои сохтмон ва муҷаҳҳаз сохтани корхона «Хуаксин Гаюр Семент» 110 млн. $ маблағ масраф хоҳад кард То имрӯз қисми зиёди таҷҳизот ба корхона ворид гардида, дар он ба сифати сӯзишворӣ танҳо ангишт истифода хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, сохтмони корхонаи истеҳсоли сементи дорои иқтидори 50 ҳазор тонна дар як сол дар ноҳияи Ваҳдат дар арафаи анҷомёбист. Корхона аз ҷониби ширкати муштараки «Ваҳдат Хуалун»-и Тоҷикистону Чин бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он дар семоҳаи аввали соли равон дар назар аст.

Ҳамчунин сохтмони корхонаҳои истеҳсоли семент дар ноҳияи Конибодом (20 ҳазор тонна дар 1 моҳ), Данғара ва Шаҳритӯс низ босуръат идома доранд. Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, феълан дар Тоҷикистон 8 корхонаи истеҳсоли семент амал мекунанд, ки иқтидори умумии истеҳсолиашон 1,5 млн. тонна семент дар як солро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.