Гуфтушуниди мақомоти ҳавопаймоии Тоҷикистону Қазоқистон

Date:


Мақомоти марбут ба бахши ҳавопаймоии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории минбаъдаи бештар пурсамар гуфтушунид доранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҶТ хабар доданд, ҳафтаи равон намояндагони Кумитаи ҳавопаймоии шаҳрвандии Вазорати нақлиёт ва комуникатсияи Қазоқистон ба Душанбе омадаанд.

«Гуфтушунидҳо дар мавриди густариши ҳамкориҳо дар масъалаи ифтитоҳи хатсайрҳои нави ҳавоӣ, аз ҷумла хатсайри ҳавоии Душанбе-Остона-Душанбе ҷараён дошта, баррасии боз масоили зиёди  муҳими дигар дар назар аст», – гуфтанд дар Вазорати нақлиёт.

Қобили зикр аст, ки феъалн хатсайри ҳавоии Душанбе-Алммато амал мекунад. Парвозҳо тавассути ин хатсайр аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷикистонии «Сомон Эйр» (ду маротиба дар як ҳафта) ва «Тоҷик Эйр» (як маротиба дар як ҳафта) ва ҳамчунин ширкати ҳавопаймоии қазоқистонии «Эйр Остона» (се маротиба дар як ҳафта) анҷом дода мешаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...