Дар Тоҷикистон фаъолияти «Ихвонулмуслимин» чун пешина мамнӯъ аст


Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 27-уми март бо президенти Миср Муҳаммад Мурсӣ мулоқот анҷом дод.

Муҳаммад Мурсӣ номзад аз ҳизби исломгарои Ихвонулмуслимин аст, ки замоне фаъолияташ дар Миср ва як қатор кишварҳои дигар, аз ҷумла Русияву Тоҷикистон мамнӯъ эълон шуда буд.

Ҳарчанд пас аз ба сари мансаб омадан Мурсӣ сафи ин ҳизбро тарк карда бошад ҳам, ӯ номзади ин ҳаракат буда, акнун Ихвонулмуслимин ҳизби расмии Миср мебошад. Чӣ гуна метавон ҳамкориҳо миёни Мисру Тоҷикистонро идома дод, дар ҳоле ки президенти ин кишвар намояндаи ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ аст?

Сардори департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев дар ин робита ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки сарфи назар аз тағйири ҳукумат дар Миср, муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Миср идома дошта, Муҳаммад Мурсӣ аз сафи Ихвонулмуслимин хориҷ ва манъи фаъолияти он дар Тоҷикистон барои идомаи ҳамкориҳо монеъа буда наметавонад.

«Фаъолияти намояндагии дипломатӣ дар Миср, ҳамкорӣ бо сафорати Миср дар Маскав, комиссияи байниҳукуматии кишварҳо оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ идома дошта, созишномаҳои ҳамкории кишварҳо дар бахшҳои иқтисоду энергетика, илму фарҳанг, маориф ва мубориза бо ҷинояткорӣ мавриди амал қарор доранд. Чанде қабл дар Қоҳира машваратҳои миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳо доир гардида, бо Бунёди ҳамкориҳо бо кишварҳои узви ИДМ-и Миср ҳамкорӣ роҳандозӣ шуд, ки барои мутахассисони мо дар самтҳои гуногун давраҳои омӯзишӣ созмон медиҳад», – иброз дошт Назриев.

Ба қавли вай, аз ҷониби Миср масоили таъсиси корхонаҳои муштарак, ифттоҳи хатсайри ҳавоӣ миёни кишварҳо тавассути кишварҳои сеюм, масалан Қатар мавриди баррасӣ қарор доранд, ки метавонанд ба афзоиши муомилоти молӣ ва сармоягузорӣ мусоидат намоянд.

«Дар Қоҳира қароргоҳи Лигаи кишварҳои араб мустақар буда, айни замон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии ин кишварҳо масъалаи роҳандозии ҳамкориҳои кишварҳои созмон бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон мавриди омӯзиш қарор дорад», – зикр кард вай.

Ба гуфтаи намояндаи ВКХ ҶТ, ҳарчанд замони рӯйдодҳои маълум дар Миср ҳамкориҳои дуҷониба каме ба заъфӣ гароида бошанд ҳам, акнун бо ба субот омадани вазъ, муносибатҳо тадриҷан ба сатҳи пешина мерасанд.

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили парлумон Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, Тоҷикистон дар мавриди пас аз Русия ба созмонҳои мамнӯъ шомил сохтани Ихвонулмуслимин, чун дигар кишварҳои узви ИДМ ба шитобкорӣ роҳ дод.

«Ин ҳам дар ҳолест, ки ин масъала дар Тоҷикистон на ба таври ҷудогона, балки дар маҷмӯъ бо дигар созмонҳо баррасӣ шуд. Ман ба ин назарам, ки Тоҷикистон мебоист ин масъаларо ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва бо назардошти манфиатҳои худ баррасӣ мекард», – гуфт вай.

Кабирӣ мегӯяд, айни замон мушкили дигар рӯйи кор меояд, яъне чӣ гуна роҳандозии минбаъдаи муносибатҳо на танҳо бо Миср, балки бо кишварҳое, ки дар он Ихвонулмуслимин нақши муҳим дорад, масалан, Марокаш, Тунис, Либия.

«Аз ин лиҳоз, ба фикри ман, Тоҷикистон бо назардошти дар ояндаи наздик ҳатман дубора мавриди баррасӣ қарор гирифтани ин масъала аз ҷониби Русия, бояд қазияро бознигарӣ намояд. Мо набояд интизор бошем, ки кадом як давлате инро нахуст анҷом медиҳад. Баъзан аввалин шуда бояд мустақил будани худро нишон дод, зеро Ихвонулмуслимин дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳеҷ амале анҷом надодааст», – иброз дошт вай.

Номбурда зикр кард, ки вохӯриии чанде қабли Мурсӣ бо Путин дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, ки дар он ҷонибҳо ҷиҳати сафари Мурсӣ ба Русия ба мувофиқа расиданд, гувоҳи он аст, ки ояндаи наздик Русия муносибати худ ба Ихвонулмуслимин ва умуман тамоми аҳзоби исломӣ дар саросари ҷаҳонро бознигарӣ хоҳад кард.

Роҳбари Дастгоҳи Суди олии Тоҷикистон Ҳабибулло Ёров ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки алҳол дар Суди олӣ масъалаи аз рӯйхати созмонҳои фаъолияташон мамнӯъ хориҷ кардани Ихвонулмуслимин мавриди баррасӣ қарор надорад.

Муҳиддин Кабирӣ ҳамчунин зикр кард, ки дар масъалаи муносибат бо Миср ҳарчанд президент аз сафи ин ҳаракат хориҷ шуда бошад ҳам, аксари вазирон аъзои ин ҳизб мебошанд.

«Ва ҳукумати онҷо ҳам эътилофӣ аст. Мо бояд хатоҳои худро ислоҳ созем ва инҷо ҳеҷ мушкилие нест. Танҳо Суди олиро лозим аст, ки ҷасурона ин масъаларо ҳаллу фасл созад, зеро дер ё зуд ба вуҷуд омадани як вазъи нофаҳмои сиёсӣ аз эҳтимол дур нест. Агар узви ин ҳизб ё вазири кишвар ба Тоҷикистон ояд, масъалае рӯйи кор хоҳад омад, ки оё вазирони мо ё дигар намояндагони Тоҷикистон ҳуқуқи гуфтушунид бо онҳоро доранд ё на», – афзуд номбурда.

spot_imgspot_img

Популярное