Ҳукми 15 соли зиндон ба сокини Хуҷанд барои суиқасд ба ҷони милиса

Суди вилояти Суғд як сокини 21-солаи шаҳри Хуҷанд Олим Ҷумъаевро барои суиқасд ба ҷони корманди милиса ба 15 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди вилояти Суғд хабар доданд, дар ҷараёни тафтишот ошкор шудааст, ки моҳи августи соли гузашта дар назди мағозаи «Оазис»-и воқеъ дар маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд Ҷумъаев […]

Мавлуда Рафиева


Суди вилояти Суғд як сокини 21-солаи шаҳри Хуҷанд Олим Ҷумъаевро барои суиқасд ба ҷони корманди милиса ба 15 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди вилояти Суғд хабар доданд, дар ҷараёни тафтишот ошкор шудааст, ки моҳи августи соли гузашта дар назди мағозаи «Оазис»-и воқеъ дар маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд Ҷумъаев бо алфози қабеҳ панҷ нафар кормандони милисаро ҳақорату дашном дода, сипас гурехтанӣ шудааст.

«Аммо корманди милиса Рустам Хушвақтов аз паси ӯ шуда, зимни расидан ба вай, мавриди зарбаҳои корд қарор мегирад. Ин замон дигар кормандони милиса ӯро боздошт мекунанд», – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки корманди милисаи захмишуда ҷон ба саломат бурда, ба шуъбаи эҳёгарии яке аз дармонгоҳҳо бистарӣ шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.