Норозигии вазир аз ҷараёни ҷустуҷӯи духтарони гумшуда

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ҳисоботи гурӯҳи махсуси оперативиро, ки бо фармони алоҳида оид ба ҷустуҷӯи ноболиғон Аралова Малика ва Аралова Сабина таъсис дода шуда буд, дар ҷаласаи фаврии наздаш шунид. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, вазир ҳисоботи ҳар як шахси масъулро шунида  қайд намуд, ки  вобаста ба масъалаи мазкур […]

ASIA-Plus


Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ҳисоботи гурӯҳи махсуси оперативиро, ки бо фармони алоҳида оид ба ҷустуҷӯи ноболиғон Аралова Малика ва Аралова Сабина таъсис дода шуда буд, дар ҷаласаи фаврии наздаш шунид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, вазир ҳисоботи ҳар як шахси масъулро шунида  қайд намуд, ки  вобаста ба масъалаи мазкур гарчанде корҳои зиёде гузаронида шуда бошад ҳам, вале дар самти кори оперативӣ-ҷустуҷӯӣ оиди ин масъала камбудиҳои ҷиддие ба назар мерасад, ки дар маҷмӯъ натиҷаи дилхоҳ надодааст.

Дар рафти ҷаласа ба  гурӯҳи оперативӣ супориш дода шуд, ки ба масъалаи мазкур ҷиддӣ муносибат намуда, корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотиро, ки оид ба ғайб задани ноболиғон вобастагӣ дорад пурзӯр намуда, мӯҳлати дақиқ муайян кард.

Қобили зикр аст, ки аз замон бедарак шудани ду духтарчаи хурдсол – Малика Араловаи 6-сола ва духтари хурдсоли амакаш Сабина Араловаи 4-сола дар назди ҳавлии хонаашон дар яке аз кӯчаҳои пойтахт ду ҳафта сипарӣ шуда бошад ҳам, вале аз ҷустуҷӯҳо ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд.

Вобаста ба ҳодисаи беномунишон гум шудани ноболиғон Аралова Малика ва Аралова Сабина дар таърихи 25 марти соли равон Фармони махсуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов дар бораи созмон додани гурӯҳи махсуси ҷустуҷӯӣ интишор гардида, қазияи мазкур зери назорати қатъии Вазири корҳои дохилӣ қарор дорад.

Ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ овозаҳои кушта дарёфт шудани духтарони хурдсол Араловаҳо ва гӯё аз ҷониби мақомот пинҳон доштани ин маълумот барои сар назадани воҳимаҳо миёни аҳолиро

рад кард

.

Ҳамчунин намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байнулмилалии муқими Тоҷикистон ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба қазияи бедарак шудани духтарони хурдсоли 6 ва 4-сола дар пойтахт 

изҳорот интишор намуданд.

Ёдрас мекунем, ки шоми 25-уми март, тақрибан соатҳои 16 дар Душанбе ду духтарчаи хурдсол – Малика Араловаи 6-сола ва духтари хурдсоли амакаш Сабина Араловаи 4-сола дар назди ҳавлии хонаашон машғули бозӣ буда, вале баъди чанде бедарак шудаанд. Волидайни онҳо дар ин бора ба Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт муроҷиат карданд. Онҳо аз манзилашон, ки дар суроғаи кӯчаи Айнӣ, хонаи 32/1 воқеъ аст, ба берун рафта, дигар бедарак шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.