Пахтакорони ҷумҳурӣ ба нисфи марра наздик мешаванд

Душанбе. 30-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Пахтакорони ҷумҳурӣ ба нисфи марраи ҷамъоварии ҳосил наздик мешаванд. Аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки деҳқонон аз майдонҳои кишти пунбадона беш 234 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ кардаанд, ки 42,4 дарсади нақшаи пешбинишудаи   (552 ҳазору 500 тонна) соли ҷориро ташкил медиҳад. Ба иттилои манбаъ, дар […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 30-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Пахтакорони ҷумҳурӣ ба нисфи марраи ҷамъоварии ҳосил наздик мешаванд. Аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки деҳқонон аз майдонҳои кишти пунбадона беш 234 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ кардаанд, ки 42,4 дарсади нақшаи пешбинишудаи

 

(552 ҳазору 500 тонна) соли ҷориро ташкил медиҳад.




Ба иттилои манбаъ, дар маъракаи ғунучини ҳосили пахта кишоварзони вилояти Хатлон пешсафанд, ки то имрӯз 175 ҳазору 243 тонна ё худ 52,8 дарсади ҳосилро ҷамъоварӣ кардаанд.



Пахтакорони вилояти Суғд – беш аз 42 ҳазор тонна ё худ 24,4 дарсад ва ноҳияҳои тобеи марказ – 17 ҳазор тонна ё худ 34,7 дарсади ҳосили пунбадонаро ҷамъоварӣ намудаанд. Дар ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили пахта идома дорад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.