Мирзохӯҷа Аҳмадов ваъда медиҳад, ки амнияти президент зимни сафар ба Рашт сад дарсад таъмин хоҳад гардид

Душанбе. 30-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – С ардори раёсати минтақавии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили гурӯҳи ноҳияҳои Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадов дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки амнияти президент зимни сафари корӣ ба водии Рашт сад дарсад таъмин хоҳад гардид. Ёдовар мешавем, ки с убҳи имрӯз дар назди бинои Раёсати Вазорати умури дохилӣ оид […]


Душанбе. 30-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс»



С



ардори раёсати минтақавии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили гурӯҳи ноҳияҳои Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадов дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки



амнияти президент зимни сафари корӣ ба водии Рашт сад дарсад таъмин хоҳад гардид.




Ёдовар мешавем, ки

с




убҳи имрӯз дар назди бинои Раёсати Вазорати умури дохилӣ оид ба мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт гирдиҳамоии ғайриқонунӣ баргузор шуд. Тақрибан 60-70 нафар занони ноҳия назди бино ҷамъ омада, аз сардори ин раёсат, полковники милиса Мирзохӯҷа Аҳмадов талаб карданд, ки силоҳи ғайриқонунӣ нигаҳдоштаашро ба ҳукуматдорон супорад.

 







           

Дар мавриди шарҳи ин қазия М.Аҳмадов таъкид сохт, ки воқеъан ҳам занони ҷамъомада



супоридани силоҳҳои ғайриқонуниро талаб карданд, вале на аслиҳаи ӯ, балки яроқи ба аҳолии минтақа тааалуқдоштаро. «Онҳо модарони мо мебошанд ва кафолати амниятро хоҳонанд, аз ин рӯ, мо онҳоро дастгирӣ менамоем», – гуфт ӯ.




Ёдрас мекунем, 2-уми феврали соли 2008 дар шаҳраки Ғарм миёни гурӯҳи таъиноти махсуси вазорати дохилӣ

 

ва шӯъбаи мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили ноҳияи Рашт задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад. Дар натиҷа чаҳор нафар захмӣ шуда, фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси милисаи ҷумҳурӣ Олег Захарченко кушта шуда буд.





Ба гуфтаи М.Аҳмадов, феълан мухолифатҳои пешин мавҷуд нестанд. «Айни замон дар минтақа намояндагони воломақоми ниҳодҳои қудратии ҷумҳурӣ ҳузур доранд, ки амнияти президентро зимни сафар ба водии Рашт таъмин хоҳанд кард ва ман низ чун корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия тамоми имконоти мавҷударо истифода бурда, кӯшиш ба харҷ хоҳам дод, ки ба сафари сарвари давлат ҳеҷ хатаре таҳдид накунад», – изҳор дошт М.Аҳмадов.



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.