Вазорати кишоварзӣ: Ҷамъоварии пахта дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба мақсад мувофиқ нест

                Душанбе. 30-уми октябр – «Ҷамъоварии пахта дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба мақсад мувофиқ нест», – иброз дошт сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ Саидмурод Баҳриддинов. Ӯ мегӯяд, ки дар як рӯз ҷамъ овардани 475 тонна пахта барои панҷ ноҳияе,ки нақшаи истеҳсоли пахтаашон дар соли ҷорӣ аз 49 ҳазор тонна камтар аст, нобахшиданист. Ҷамъоварии пахта […]

АМИТ «Ховар»






 


              Душанбе. 30-уми октябр – «Ҷамъоварии пахта дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба мақсад мувофиқ нест», – иброз дошт сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ Саидмурод Баҳриддинов.



Ӯ мегӯяд, ки дар як рӯз ҷамъ овардани 475 тонна пахта барои панҷ ноҳияе,ки нақшаи истеҳсоли пахтаашон дар соли ҷорӣ аз 49 ҳазор тонна камтар аст, нобахшиданист. Ҷамъоварии пахта дар як рӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ ба миқдори 45, Ҳисор – 71, Шаҳринав – 90 ва ноҳияи Ваҳдат 91 тоннаро ташкил медиҳад. Ташкили кор дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Ваҳдат чандон хуб нест. Натиҷаи ҳамин аст, ки ҳар рӯз дар ин ноҳияҳо ба андозаи 0,6 – 1,3 – 1,4 фоиз пахта ғундошта мешавад.



Бо фарорасии моҳи октябр рӯзҳо сардтару кӯтоҳтар мешавад, аммо дар саҳро пахтаи зиёд ҳанӯз боқист, ки ҷамъоварии он вазифаи муқаддаси ҳар як шахрванди ин ноҳияҳост.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.