Душанбе. 25-уми исентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Соли 2008 дар Тоҷикистон зиёда аз 80 тонна моҳӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба нақша 11 дарсад зиёдтар буда, аз нишондиҳандаҳои соли гузашта бамаротиб бештар аст.
Аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки феълан дар кишвар Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии тоҷик»-и ин вазорат ва боз 8 хоҷагии моҳипарвариву 10 корхонаи шахсӣ ба истеҳсоли тиилло машғул мебошанд.
Бино ба иттилои манбаъ, моҳи июни соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон « Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015»-ро ба тасвиб расонд. Дар доираи барномаи мазкур майдони ҳавзҳои моҳипарварӣ аз
3 000 га
ба
15 000 га
расонида хоҳад шуд.
Зикр гардид, ки дар ҷумҳурӣ 65 намуди моҳӣ ба қайд гирифта шудааст ва 10 намуди он дар хоҷагиҳои моҳипарварӣ парвариш карда мешавад.

