Имрӯз дар мавзеи Чорбоғи шаҳри Хоруғ дар доираи сафари «Корвони саломатӣ»-и Вазорати тандурустӣ ба ВМКБ бо иштироки васеи шаҳрвандони шаҳри Хоруғ ва сокинони ноҳияҳои гирду атрофи он «Рӯзи саломатӣ» баргузор гардид.
Тавре дар вазорати тандурустӣ ба Хабаргузории “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, дар ин чорабинӣ вазири тандурустии кишвар Нусратулло Салимов ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим, намояндагони шарикони байналмилалӣ – Роҳбари дафтари ТУТ дар Тоҷикистон Павел Урсу, намояндагони Хазинаи глобалӣ, Хазинаи Оғохон ширкат намуда, бо шаҳрвандон сӯҳбат карданд.
“Мақсади гузаронидани «Рӯзи саломатӣ» ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ба мардум наздик намудани хизматрасонии тиббӣ мебошад. Дар доираи ин чорабинӣ тӯли ду рӯз дар Маркази вилоятии бемориҳои чашм дар шаҳри Хоруғ беш аз 20 амалиёти ҷарроҳии чашм гузаронида ва дар беморхонаи вилоятӣ 4 ҷарроҳии мураккаби батнӣ (абдоминалӣ) бо роҳбарии профессор Саидилҳом Аҳмадов ва бо ҳамдастии табибони маҳаллӣ бомуваффақият анҷом дода шуд”, – хабар дод манбаъ.
Қайд мешавад, ки сафари беш аз 70 нафар мутахассиси баландпояи тиб ба Бадахшон ба имконият медиҳад, ки табибони маҳаллӣ дар рафти кор роҳҳои нави ташхису табобат ва ҷарроҳиҳои муосирро аз устодон омӯзанд. Ҳамчунин барои сокинони маҳаллӣ ин як кӯмакест, ки аз маҳалли худ берун нарафта ташхису машварат мегиранд.
Ба гуфтаи манбаъ, аксари табибон бо таҷҳизоти худ, аз ҷумла ташхиси ултрасадо, сабти барқии дил, доплер, гастроскоп, таҷҳизоти офталмологӣ ва гӯшу гулӯю бинӣ сафар кардаанд. Як мошини сайёри флюорографӣ низ дар ин рӯзҳо ба аҳолӣ хизмат расонид.
«Корвони саломатӣ» сафари худро аз ноҳияҳои Дарвозу Ванҷу Рӯшон оғоз намуда, сипас дар ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа Ишкошиму Мурғоб давом дод. Он дар шаҳри Хоруғ бо баргузории чорабинии густарда имрӯз анҷом ёфт.
Роҳбарони масъули вазорати тандурустӣ, дафтари ТУТ дар Тоҷикистон, Хазинаи Оғохон дар доираи ин чорабинӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Беморхонаи вилоятии бемориҳои сил дар шаҳри Хоруғ, маркази вилоятии ташхиси тиббию судӣ дидан карданд. Ҳамчунин гурӯҳи мазкур бо фаъолияти Маркази вилоятии таълимию клиникии тибби оилавӣ, дармонгоҳи № 1-и шаҳри Хоруғ боздид ба амал оварда, нақшаҳои минбаъдаи беҳтаргардонии сифати хизматрасониҳои тиббиро дар вилоят мавриди баррасӣ қарор доданд.


