Салимзода: Доираҳои ҷиноятпеша тарбиятгирандагони макотиби варзиширо ҷалб мекунанд

spot_imgspot_img

Дата:


Дар нишасти хабарии имрӯза прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода изҳор кард, ки ахиран дар Тоҷикистон далелҳои ба ҳаллу фасли масоили ҷиноӣ ҷалб гардидани тарбиятгирандагони мактабҳои самбои ҷангӣ, ҷанги тан ба тани шарқӣ ва дигар навъҳои варзиши ҷангӣ ба мушоҳида мерасанд.

«Аз як тараф, хуб аст, ки ҷавонони мо дар чунин мактабҳо сифатҳои ҷангиву муҳофизати худро сайқал медиҳанд, вале онҳо мушаххасан бояд дарк кунанд, ки дар ҷомеа нерӯҳое пайдо хоҳанд шуд, ки онҳоро ба ҳаллу фасли муноқишаи ҷиноӣ ва тақсими нуфузи таъсир истифода карданӣ мешаванд», – зикр кард Салимзода.

Ба гуфтаи ӯ, чунин ҳодисаҳо аллакай сурат гирифтаанд. «Ба ин куштори пурсарусадои шаби  28-уми феврали соли равон

дар тарабхонаи «Шаҳрисабз»

, ки дар натиҷаи муноқиша миёни ду гурӯҳи ҷавонон ба амал омада, як тан аз онҳо дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва дигаре бистарӣ шуда буд, мисол шуда метавонад», – иброз дошт прокурори генералӣ.

Ш.Салимзода афзуд, чанде аз иштирокчиёни ин муноқиша ва дигар ҳодисаҳои қонуншиканӣ аз малакаҳои самбои ҷангӣ, ҷанги тан ба тани шарқӣ ва дигар навъҳои варзиши ҷангӣ бархӯрдор буданд. 

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...