Ҷашни даҳумин солгарди ҳамкории Швейтсария ва Тоҷикистон бо ҳунарнамоии ситораҳои эстрада ҷашн гирифта мешавад

Душанбе. 22-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар таърихи 26-уми сентябр ба оғози ҳамкории миёни Тоҷикистону Швейтсария 10 сол пур мешавад. Аз Дафтари ҳамкории Швейтсария ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ба муносибати ин санаи фархунда нишасти матбуотӣ доир гашта, тӯли ду рӯз (26-27-уми сентябр) дар бинои тарабхонаи «Ёқут-2000» як қатор чорабиниҳо баргузор мешаванд. Ба иттилои […]

root


Душанбе. 22-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар таърихи 26-уми сентябр ба оғози ҳамкории миёни Тоҷикистону Швейтсария 10 сол пур мешавад.




Аз Дафтари ҳамкории Швейтсария ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ба муносибати ин санаи фархунда нишасти матбуотӣ доир гашта, тӯли ду рӯз (26-27-уми сентябр) дар бинои тарабхонаи «Ёқут-2000» як қатор чорабиниҳо баргузор мешаванд. Ба иттилои манбаъ, дар чорабиниҳо аъзои ҳукумат, кормандони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, зиёиён, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма иштирок хоҳанд кард.



Илова бар ин, раиси шаҳри Душанбе дар бораи оғози корҳои омодагӣ ба таҷлили ин ҷашн қарор ба тасвиб расонидааст. Дар қарор бобати рӯзи 27-уми сентябр дар майдони «800-солагии Маскав» баргузор намудани консерт бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик Далер Назаров, Шабнами Сурайё ва гурӯҳи «Шамс» иҷозат дода шудааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз достонсароёни моҳир дар адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар тарбияти...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.