ҲНИТ ва сафорати Тоҷикистон забон ёфтанд: Боздиди М.Кабирӣ аз Русия идома дорад

Душанбе. 22-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз сухангӯи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Ҳикматулло Сайфуллозода дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар байни раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ, ки бо сафари корӣ дар Русия қарор дорад ва сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳамкории мутақобила ба роҳ монда шудааст. Қаблан мо хабар дода будем, […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 22-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз сухангӯи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Ҳикматулло Сайфуллозода дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар байни раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ, ки бо сафари корӣ дар Русия қарор дорад ва сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳамкории мутақобила ба роҳ монда шудааст.




Қаблан мо хабар дода будем, ки дар шаҳри Маскав ба иллати даст кашидани сафорати Тоҷикистон аз дарёфт ва иҷораи толори мулоқот вохӯрии М.Кабирӣ бо интихобкунандагон доир нашуд, ҳарчанд М.Кабирӣ аъзои парлумони ҷумҳурӣ аст ва мулоқоти ӯ бо муҳоҷирон бояд дар ҳамдастӣ ва мусоидати сафорат сурат мегирифт.




           

Ҳ.Сайфуллозода мегӯяд, ки пас аз он муносибати сафорат бо М.Кабирӣ дигар гашта, аллакай дар шаҳрҳои Қазону Уфа намояндагон ва шарикони сафорат дар баргузории мулоқотҳо бо интихобкунандагон – муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ӯро дастгирӣ кардаанд ва дар ин мулоқотҳо то 800 нафар ҳамватанон ширкат намудаанд. Имрӯз раиси ҲНИТ озими шаҳри Санкт-Петербург шудааст.




           

Зикр гардид, ки

 

ба ҳар ҳол, бо интихобкунандагони шаҳри Маскав мулоқоти ғайрирасмӣ гузаронида шудааст, ки дар он беш аз 400 нафар иштирок кардаанд. Боздиди М.Кабирӣ аз Русия 24-уми сентябр анҷом хоҳад ёфт.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.