Президенти Тоҷикистон ба президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи ҳамдардӣ фиристод

Душанбе. 22-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи ҳамдардӣ фиристонд, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Бо андӯҳи бузург хабари таркиши мудҳишро дар назди меҳмонсарои «Марриот»-и Исломобод дарёфт намудам. Ин амали ғайриинсонӣ ва фоҷеабор, ки муҷиби ҳалокату ҷароҳат бардоштани садҳо нафарони бегуноҳ гаштааст, бори […]

root


Душанбе. 22-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи ҳамдардӣ фиристонд, ки дар он аз ҷумла омадааст:




«Бо андӯҳи бузург хабари таркиши мудҳишро дар назди меҳмонсарои «Марриот»-и Исломобод дарёфт намудам.



Ин амали ғайриинсонӣ ва фоҷеабор, ки муҷиби ҳалокату ҷароҳат бардоштани садҳо нафарони бегуноҳ гаштааст, бори дигар зарурати муттаҳид намудани талошҳои мо ва дигар аъзои ҷомеаи ҷаҳониро зидди чунин аъмоли зишти террористон собит месозад. Аз ҷониби худ Тоҷикистон ҳамеша омода аст, ки дар чунин саъю кӯшишҳо саҳми бештаре дошта бошад.



Бо изҳори таъзия ва тасаллият ба Ҷаноби Олӣ, хоҳишмандам ҳамдардии моро ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон бирасонед.



Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун». Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.

 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд