Доираҳои сиёсии Тоҷикистон воқеъияти бисёрҳизбиро дар ҷумҳурӣ баррасӣ карданд

Душанбе. 22-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Доираҳои сиёсии Тоҷикистон рӯйи масъалаи он, ки оё дар ҳақиқат дар Тоҷикистон бисёрҳизбӣ мавҷуд аст, ба хулосаи мушаххасе омада натавонистанд. Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта бо ташаббуси созмони ҷамъиятии «Журналист» ва ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии «Ҷомеа» дар толори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон маҳз дар мавзӯи мазкур мизи мудаавар доир гардид. Раиси Ассотсиатсияи […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 22-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Доираҳои сиёсии Тоҷикистон рӯйи масъалаи он, ки оё дар ҳақиқат дар Тоҷикистон бисёрҳизбӣ мавҷуд аст, ба хулосаи мушаххасе омада натавонистанд. Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта бо ташаббуси созмони ҷамъиятии «Журналист» ва ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии «Ҷомеа» дар толори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон маҳз дар мавзӯи мазкур мизи мудаавар доир гардид.




Раиси Ассотсиатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Маҳмадазимов изҳор дошт, ки аз бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистон ду омил шаҳодат медиҳад, ки яке аз онҳо ҳайати сеҳизбии парлумони ҷумҳуриву дигараш фарогирии минтақаҳо аз ҷониби ҳизбҳо мебошад.



Дар ҳамин ҳол, раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров муҳимии масъаларо зикр намуда, изҳор дошт, ки мавҷудияти як қатор нерӯҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон гувоҳи воқеияти бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистон буда наметавонад. «Ман чун роҳбари ҳизб миёни ҳизбҳо рақобатро мушоҳида намекунам, мо бо мақомоти ҳокимият ва дастгоҳи ҳукуматӣ дар рақобат ҳастем», – гуфт ӯ.



Р.Зойиров ҳамчунин гуфт, агар ҳукумат ба муносибати дохилии аҳзоб дахолат надошта бошад, дар Тоҷикистон имкони ташаккули низоми тарзи дуҳизбӣ ё сеҳизбӣ мавҷуд аст. Қобили зикр аст, ки мизи мудаввар аз шумули яке аз чорабиниҳои сиёсиест, ки маблағгузории онро сафорати Бритониёи Кабир ба ӯҳда гирифтааст.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд