Соли равон дар Тоҷикистон бар асари таркиши мина 2 тан кушта ва 2 нафар захмӣ шуданд

Душанбе. 22-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон дар Тоҷикистон бар асари таркиши мина 2 тан кушта ва 2 нафар захмӣ шуданд. Сардори Маркази масоили минаи Тоҷикистон Ҷонмаҳмад Раҷабов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки феълан корҳои тозакунии қаламрави Тоҷикистон аз мина идома доранд. «Тайи 8 моҳ беш аз 500 ҳазор метри […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 22-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон дар Тоҷикистон бар асари таркиши мина 2 тан кушта ва 2 нафар захмӣ шуданд.




Сардори Маркази масоили минаи Тоҷикистон Ҷонмаҳмад Раҷабов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки феълан корҳои тозакунии қаламрави Тоҷикистон аз мина идома доранд. «Тайи 8 моҳ беш аз 500 ҳазор метри мураббаъ аз мина безарар гардонида шуда, зиёда аз 2 ҳазор мина ва дигар аслиҳаи ҳоло натаркида ошкор карда шудааст, – гуфт ӯ. – Айни замон ин корҳо асосан дар ноҳияҳои Дарвоз, Панҷ ва Ванҷ ҷараён доранд».



Тибқи маълумоти марказ, дар маҷмӯъ то имрӯз ҳудуди 2 млн. метри мураббаъи қаламрави ҷумҳурӣ аз мина безарар гардонида шудааст ва то соли 2010 зарур аст, боз 20 млн. метри мураббаъи қаламрави ҷумҳуриро аз он тозакорӣ сохт.



Мувофиқи Созишномаи манъ, нигаҳдорӣ, истеҳсол ва интиқоли минаҳо ва нест кардани онҳо (Конвенсияи Оттава) Тоҷикистон ӯҳдадор аст, то соли 2010 қаламрави ҷумҳуриро комилан аз минаҳо ва дигар аслиҳаи ҳоло натаркида тоза намояд.



Ёдрас мекунем, ки минаҳо дар қаламрави Тоҷикистон замони ҷанги шаҳрвандии солҳо 90-ум гузошта шуда, то имрӯз бар асари инфиҷори онҳо беш аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд