Ҳамрохон Зарифӣ барои иштирок дар Маҷмаъи Кулли СММ ба Ню-Йорк рафт

Душанбе. 20-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ барои иштирок дар Маҷмаъи 63-юми Кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ) озими шаҳри Ню-Йорки Амрико гашт. Роҳбари департаменти иттилооти вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар Ню-Йорк Ҳ.Зарифӣ ҳамчунин ҷараёни боздиди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро […]

Виктория Наумова


Душанбе. 20-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ барои иштирок дар Маҷмаъи 63-юми Кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ) озими шаҳри Ню-Йорки Амрико гашт.




Роҳбари департаменти иттилооти вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар Ню-Йорк Ҳ.Зарифӣ ҳамчунин ҷараёни боздиди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро аз Амрико, ки аз 23 то 27-уми сентябр сурат хоҳад гирифт, низ ҳамоҳанг хоҳад сохт.



Интизор меравад, ки дар Ню-Йорк Ҳ.Зарифӣ бо муовини дабири кулли СММ ва муовини маъмури Барномаи рушди СММ Адом Мелкерт, муовини дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои гуманитарӣ Ҷон Холмс, вазири умури хориҷии Шоҳигарии Ҳошимии Ӯрдун Салоҳиддин Ал-Башир, сафири Исроил дар Тоҷикистон Эхуд Гол ва муовини дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Ша Зуканг дидору гуфтушунид хоҳад кард.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд