Наздики 70%- и роҳҳои Тоҷикистон таъмирталабанд

Имрӯз ҳудуди  70 дарсади қабати мумфарши роҳҳои мошингарди ҷумҳуриявӣ пурра ё қисман вайрон шуда, таъмирталабанд. Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар доданд, масоҳати умумии роҳҳои мошингард дар Тоҷикстон 33 ҳазор километрро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 14-тояш дар тавозуни Вазорати нақлиёт қарор дошта, боқимонда ба хоҷагиҳои алоҳида мансубанд  ё бесоҳиб мебошанд. «Барои […]

Зарина Эргашева



Имрӯз ҳудуди  70 дарсади қабати мумфарши роҳҳои мошингарди ҷумҳуриявӣ пурра ё қисман вайрон шуда, таъмирталабанд.

Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар доданд, масоҳати умумии роҳҳои мошингард дар Тоҷикстон 33 ҳазор километрро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 14-тояш дар тавозуни Вазорати нақлиёт қарор дошта, боқимонда ба хоҷагиҳои алоҳида мансубанд  ё бесоҳиб мебошанд.

«Барои ба ҳисоби Вазорати нақлиёт даровардани роҳҳои бесоҳиб, мебояд онҳоро ба шакли зарурӣ даровард. Ин самти кор тартибу низоми худро дорад, аммо ин корро кӣ ба сомон хоҳад расонд, маълум нест, чунки раванди бозсозии роҳҳо бисёр гарон арзёбӣ мешавад. Сарфи назар аз ин, ҳамасола мо бо қадри имкон роҳҳои барвақт бесоҳибмондаро ба тавозуни худ ворид месозем»,-зикр карданд дар ин ниҳод.

Тибқи омори вазорат, дар давоми солҳои ахир ҳазору 486 км. роҳҳои мошингард, 22 км. нақбҳо бозсозӣ шудаанд. Зимнан ҳар як километри роҳи мумфаршшуда дар ҷумҳурӣ бояд пас аз 11 солӣ мавриди тармиму таъмири калон қарор бигирад.

«Бо назардошти ин, ҳамасола ба хотири фароҳам овардани муҳлати байнитармимии роҳҳо, ҳазору 280 км. роҳҳо бояд мавриди таъмири куллӣ қарор бигирад. Мо имкони ин корро ба анҷом расонидан надорем, зеро дар буҷаи мо ин миқдор пул нест»,-тавзеҳ доданд дар вазорат.

Ҳамчунон зикр шуд, ки бори ахир дар Тоҷикистон дар мавриди вазъи роҳҳо ва пулҳо соли 2007 зимни таҳияи Барномаи ҳадафманди давлатии «Рушди муҷтамеи нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» таҳқиқоти дақиқ ва батафсил гузаронида шуд. Ҳамон вақт муайян гардид, ки аз 60 то 80 фисади шабакаи роҳҳои Тоҷикистон бидуни бозсозии хеле калон барои истифодабарӣ корношояманд.

Дар худи барнома дарҷ гардидааст, ки суръати ҳаракат ба беш аз 48%-и роҳҳои Тоҷикистон аз 35 км/соат зиёд намебошад. Аммо баъд аз бозсозӣ, интизор меравад, ки имкони ҳаракати бештари мошинҳо дар роҳҳо меафзояд.

Дар ҳоли имрӯз бозсозӣ, сохтмон ва нигоҳ доштани роҳҳо асосан аз ҳисоби маблағҳои бурсӣ ва қарзии муассисаҳои байналмилалии молиявӣ амалӣ карда мешаванд.

Ҳамчунин аз буҷаи давлат барои таъмин ва нигоҳдории роҳҳо маблағ ҷудо карда мешавад, ки аълон ҳудуди 56 млн. сомонӣ дар як сол аст ва назар ба ҳамон хаҷми маблағгузорие, ки барои таъмини роҳҳо зарур аст, панҷ маротиба камтар арзёбӣ мегардад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.