Раиси шаҳри Душанбе: Дар пойтахт барқ реҷабандӣ намешавад

            Душанбе. 19-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷаласаи назоратии шаҳрдорӣ мири пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор дошт, ки дар мавсими тирамоҳу зимистони дар пешистода дар шаҳри Душанбе реҷабандии истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ нахоҳад гашт. «Аввали ҳафтаи равон сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар ин хусус ба мақомоти дахлдор супориш дод», – гуфт ӯ.             […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 19-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷаласаи назоратии шаҳрдорӣ мири пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор дошт, ки дар мавсими тирамоҳу зимистони дар пешистода дар шаҳри Душанбе реҷабандии истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ нахоҳад гашт. «Аввали ҳафтаи равон сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар ин хусус ба мақомоти дахлдор супориш дод», – гуфт ӯ.





           

Ба гуфтаи М.Убайдуллоев, феълан то ҳадди ниҳоии пур шудани об дар обанбори «Норак»


7,5 метр

боқӣ мондааст. «Дар сурати то ҳадди ниҳоӣ пур нагаштани обанбор, ҷумҳурӣ метавонад то 900 млн. кВт/соат нерӯи барқро талаф диҳад», – хабар дод раиси пойтахт.




           

Дар ҷаласа оид ба сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, газ ва об дар мавсими тирамоҳу зимистон ва сари вақт пардохтани музди истифодаи он ба аҳолии пойтахт муроҷиатнома қабул карда шуд.




           

М.Убайдуллоев таъкид сохт, ки бояд дар байни сокинони шаҳр ва хадамоти шаҳрӣ оид ба таъмини мардум бо нерӯи барқ, газ ва об созишнома ба имзо расад, ки дар он масъулияти ҷонибҳо мушаххас бошад ва дар сурати вайрон кардани шартнома, ҷониби ҷабрдида метавонад ба додгоҳ муроҷиат намояд.




           

Дар ҷаласа дар бораи то ҳадди ниҳоӣ коҳиш додани истифодаи нерӯи барқ дар фаввораҳои шаҳр, таҷҳизоти равшанидиҳии боғҳои фароғату истироҳат, хиёбонҳо ва лавҳаҳои рекломи берунӣ пешниҳодот карда шуданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.