Аломатгузории хатти марзи миёни Қирғизистону Тоҷикистон идома дорад

                Душанбе. 19-уми сентябр – Музокироти миёни Қирғизистону Тоҷикистон роҷеъ ба таъйини хатти марзи байни ин ду кишвар ҳанӯз ба давраи ниҳоии худ нарасидааст. Дар ин бора нашрияи электоронии «Тазар», ба нақл аз қавли Асеин Исоев, мудири департаменти Вазорати хориҷаи Қирғизистон дар умури давлатҳои ҳамсуд, хабар медиҳад. А. Исоев гуфтааст, ки ин музокирот бо дарназардошти […]

ozodi.org



               



Душанбе. 19-уми сентябр – Музокироти миёни Қирғизистону Тоҷикистон роҷеъ ба таъйини хатти марзи байни ин ду кишвар ҳанӯз ба давраи ниҳоии худ нарасидааст. Дар ин бора нашрияи электоронии «Тазар», ба нақл аз қавли Асеин Исоев, мудири департаменти Вазорати хориҷаи Қирғизистон дар умури давлатҳои ҳамсуд, хабар медиҳад. А. Исоев гуфтааст, ки ин музокирот бо дарназардошти риъояти меъёрҳои байнулмилалӣ, эҳтироми истиқлол ва якпорчагии марзҳои ҳамдигар соли 2002 шурӯъ шуда буд.





 


          

Тӯли умумии марзи миёни ду кишвар 970 километрро ташкил мекунад ва он то қаторкӯҳҳои Олой ва Туркистон доман густардааст. Дар ҳамин ҳол дасти кам


500 км

тӯли марзи миёни Қирғизистону Тоҷикистон аломатгузорӣ шудааст.




 


          

Ин ҳам дар ҳолест, ки коршиносони ҳар ду кишвар дар садади дақиқ намудани хатти марз ва аломатгузории қисмати боқимондаи марз мебошанд. Ба таъкиди мудири департаменти Вазорати хориҷаи Қирғизистон, ҷонибҳо муҳлати ниҳоии таъйин ва аломатгузории марзро ҳанӯз дақиқ муайян накардаанд.




 


          

Ба таъкиди А. Исоев, вақти анҷоми ин кор чандон муҳим набуда, кофист, ки байни ҷонибҳо ҷиҳати таъйин ва аломатгузории марз ихтилофи назар рӯи кор наояд: «Чунин шитобкорӣ мунҷар ба сар задании низоъ ва ихтилоф, ҳамчунин нооромиву бесуботӣ хоҳад шуд».




 


          

Оқои Исоев ибораи «минтақаҳои баҳснок»-ро дуруст намешуморад. Ба гуфтаи ӯ, чунин минтақаҳои, ба истилоҳ, баҳснок дар миёни Қирғизистону Тоҷикистон вуҷуд надоранд. Вале, меафзояд ӯ, он қисмати марз, ки муайян кардани хатти саҳеҳи он мушкил эҷод мекунад, бо дарназардошти мавқеъгирии тарафайн, дар сатҳи болоии ҳукуматҳои ин кишварҳо ҳал хоҳанд шуд.




 


          

Бино бар гуфтаи оқои Исоев, танзими марз дар водии Фарғонаро лозим аст тавассути «гузашт ва мусолиҳа» ҳал намуд, ки дар чунин маворид, аслан, ҳеч фишори сиёсиву иқтисодӣ ё низомӣ маънӣ нахоҳад дошт.



Ва Қирғизистон маҳз аз ҳамин принсипҳо истифода хоҳад кард, суханашро тазаккур дод мудири департаманти Вазорати хориҷаи Қирғизистон дар умури давлатҳои ҳамсуд. Ӯ муътақид аст, ки ба ҳар сурат анҷоми таъйин ва аломатгузории хатти марзи миёни Қирғизистону Тоҷикистон дар зудтарин фурсат дар тавсеъаи ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодии байни ин кишварҳо мусоъидат хоҳад кард.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.