Дар Душанбе Маркази дуввуми русии Фонди «Ҷаҳони рус» кушода мешавад

Душанбе. 18-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон маркази русии Фонди «Ҷаҳони рус» кушода мешавад. Аз сафорати Русия дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ин маркази дуввум буда, масоҳати он 230 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар маросими ифтитоҳи марказ ёвари президенти Русия ва намояндаи махсуси президенти Русия оид ба […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 18-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон маркази русии Фонди «Ҷаҳони рус» кушода мешавад. Аз сафорати Русия дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ин маркази дуввум буда, масоҳати он 230 метри мураббаъро ташкил медиҳад.




Дар маросими ифтитоҳи марказ ёвари президенти Русия ва намояндаи махсуси президенти Русия оид ба масъалаҳои ҳамкории гуманитарӣ бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Д.Поплийева, сарвари иҷроияи Фонди «Ҷаҳони рус» В.Никонов, сафири Русия дар Тоҷикистон Р.Абдулатипов, ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон М.Имомов ва ректори Донишгоҳи давоатии Маскав В.Садовничий иштрок хоҳанд кард.



Ҳамчунин барои иштирок дар маросими ифтитоҳи марказ аъзои ҳукумати Тоҷикистон, шахсони расмӣ ва намояндагони зиёиёни илмиву эҷодкор низ даъват карда шудаанд.



Феълан Марказҳои русӣ дар шаҳрҳои Ереван, Душанбе, Кант, Ош, Остона, Уст-Каменогорск амал намуда, ҷиҳати ифтитоҳи чунин марказҳо дар кишварҳои Озарбойҷон, Белорус, Белгия, Италия, Молдавия, Латвия, Литва, Ӯзбекистон, Гватемала, Маҷористон, Индонезия ва давлатҳои дигар тавофуқ ҳосил шудааст

.






 


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.