IFC ба хонаводаҳои машғули истеҳсоли шир дар Тоҷикистон ба беҳтар намудани методологияи ҳуҷҷатгузорӣ кӯмак мекунад

Душанбе. 18-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – I FC, (Корпоратсияи Байналхалқии Молиявӣ), узви гурӯҳи ташкилотҳои Бонки умумиҷаҳонӣ, дар доираи Лоиҳа оид ба рушди системаи таъминоти маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистони Ҷанубӣ ҳафтаи сипаришуда дар деҳаҳои Ҳайдаробод ва Тиллои Сафеди ноҳияи Вахдат оид ба ҳуҷҷатгузории истеҳсоли шир як қатор семинарҳо гузаронид. Мақсади семинар ташаккул додани малакаи хонаводаҳои ширистеҳсолкунанда […]

root



Душанбе. 18-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» –




I



FC, (Корпоратсияи Байналхалқии Молиявӣ), узви гурӯҳи ташкилотҳои Бонки умумиҷаҳонӣ, дар доираи Лоиҳа оид ба рушди системаи таъминоти маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистони Ҷанубӣ ҳафтаи сипаришуда дар деҳаҳои Ҳайдаробод ва Тиллои Сафеди ноҳияи Вахдат оид ба ҳуҷҷатгузории истеҳсоли шир як қатор семинарҳо гузаронид.




Мақсади семинар ташаккул додани малакаи хонаводаҳои ширистеҳсолкунанда оид ба ҳуҷҷатгузории аниқи истехсоли шир буд, то он ки онҳо сатҳи даромаднокии фаъолияти хешро баҳо дода тавонанд. Тақрибан 50 нафар иштирокчиён, пеш аз ҳама занҳо аз хонаводаҳои ширистеҳсолкунанда дар семинар иштирок намуданд.



Мутахассисони IFC ба иштирокчиён оид ба роҳҳои ҷорӣ намудани ҳуҷҷатгузории оддӣ ва тарзи ҷой додани маълумот дар он маълумот доданд. «Хонаводаҳои ширистехсолкунанда бояд методи ҳуҷҷатгузории истеҳсоли ширро такмил диҳанд, то он ки тавонанд самаранокии фаъолияти худро баҳо диханд. Ман умедворам, ки ин силсилаи семинарҳо ба ин хонаводаҳо барои ноил гаштан ба ин мақсад ва фоидаовар шудани фаъолияти онҳо кӯмак мекунад гуфт», – Рангина Назриева, мутахассиси IFC оид ба рушди фаъолият.




 


          

«Семинар ниҳоят муфид буд, зеро имрӯз ба мо зарур аст, ки асосҳои ҳуҷҷатгузориро донем, то он ки самаранокии истеҳсоли ширро ҳисоб карда тавонем. Ин барои мо хело муҳим аст, чунки дар бозорҳои маҳаллӣ нархи хӯроки чорво ва дигар консентратҳо боло рафтааст ва мо бояд кӯшиш кунем, ки истехсоли шир фоида орад», – гуфт яке аз иштирокчиёни семинар Миҷгона Гулова. Дар ин бора дар иттилоияи корпоратсия хабар дода шудааст.

 





 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.