Имзои қарори даъвати иҷлосияи навбатии МММО ҶТ дар Душанбе


Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев қарореро ба имзо расонид, ки тибқи он иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум рӯзи 29-уми август дар шаҳри Душанбе доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси палатаи болоии парлумони кишвар Шавкат Саидов хабар дод, дар иҷлосия вакилон қонунҳои қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумони кишвар қабулшуда «Дар бораи ихтиёрӣ будан», «Дар бораи зотпарварӣ», «Дар бораи хоҷагии моҳипарварӣ ва ҳифзи он» ва ғайраро баррасӣ мекунанд.

spot_imgspot_img

Популярное