Ҳунармандони Театри ҷавонон за озмуни байналмилалӣ бо ду ҷоиза ба ватан баргаштанд

Душанбе. 15-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дастаи ҳунарии Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов аз Ҷашнвораи дуввуми байнулмилалии театрҳои Осиёи Марказӣ бо мукофотҳо ба ватан баргашт. Муовини директори театр Зиёбой Тошев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар озмун, ки рӯзҳои 2-6-уми сентябр дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд, намоишномаи «Зани сарватманд» […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 15-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дастаи ҳунарии Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов аз Ҷашнвораи дуввуми байнулмилалии театрҳои Осиёи Марказӣ бо мукофотҳо ба ватан баргашт.




Муовини директори театр Зиёбой Тошев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар озмун, ки рӯзҳои 2-6-уми сентябр дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд, намоишномаи «Зани сарватманд» ба маърази тамошо гузошта шуд. Намоишномаро аз рӯи песаи драматурги озарбойҷонӣ Алӣ Амирлӣ коргардон, Ҳунарманди Халқии ҷумҳурӣ Султон Усмонов ба саҳна гузоштааст. Маҳз ҳамин намоишнома соҳиби ду мукофот – «Ба дастаи беҳтарини актёрон» ва «Ба нақши беҳтарини мардона» соҳиб гардид. Мукофоти дуввум насиби Ҳунарманди Халқии Тоҷикистон Насриддин Нуриддинов шуд.



Ёдрас мекунем, ки озмунро Вазорати фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон созмон додааст. Ҷашнвораи нахустин соли 2006 доир гашта, барои эҳёи арзишҳои умумии фарҳнгии кишварҳои минтақа саҳми босазо гузошт.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.