Лебедев: Аз мухолифатҳои сиёсии солҳои 90-ум бениҳоят сер шудаем

Имрӯз дар ҷамъи журналистон роҳбари гурӯҳи нозирони ИДМ дар интихоботи президенти Тоҷикистон Сергей Лебедев изҳор намуд, ки ҳайати нозирони ИДМ аз ҷараёни баргузории интихобот дар Тоҷикистон қаноатманд буда, қонуншиканиии назаррасе ошкор накардааст, ки метавонистанд ба ҷараёни овоздиҳӣ таъсир расонанд. «Аз номи тамоми кишварҳои ба сифати нозири ИДМ дар интихобот ҳузурдошта гуфтаниам, ки дар муқоиса бо […]


Имрӯз дар ҷамъи журналистон роҳбари гурӯҳи нозирони ИДМ дар интихоботи президенти Тоҷикистон Сергей Лебедев изҳор намуд, ки ҳайати нозирони ИДМ аз ҷараёни баргузории интихобот дар Тоҷикистон қаноатманд буда, қонуншиканиии назаррасе ошкор накардааст, ки метавонистанд ба ҷараёни овоздиҳӣ таъсир расонанд.

«Аз номи тамоми кишварҳои ба сифати нозири ИДМ дар интихобот ҳузурдошта гуфтаниам, ки дар муқоиса бо солҳои пешин ин интихоб хубтар ташкил гардида, заминаи қонунгузории Тоҷикистон барои доир намудани интихоботи озоду демократӣ имкон фароҳам сохтааст», – иброз дошт ӯ.

Гурӯҳи нозирони ИДМ зикр карданд, ки натиҷаҳои интихобот афзалияти воқеии аҳолии кишвар ва фазои воқеии иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистионро инъикос мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи нозирон қайд карданд, ки баъзе меъёрҳои қонунгузории интихоботӣ дақиқан муқаррар нашудаанд, ки ба гунаи мисол, ин ба ҳуқуқ ва озодиҳои нозирон ва ҳамчунин ба тартиботи интихоботи пешазмӯҳлат дахл доранд. «Аммо дар маҷмӯъ ин ҳуқуқи ҳар кадоме аз кишварҳо буда, тавсияҳои мазкур хусусияти некхоҳона доранд», – гуфт Лебедев.

Ӯ зикр кард, ки дар ҷараёни интихобот «қонуншиканиҳои начандон ҷиддӣ» – дунафарӣ ба ҳуҷраҳои овоздиҳӣ ворид шудан ё овоздиҳӣ ба ҷойи аъзои оила, ҷойи номусоид барои нозирон ба қайд гирифта шуда, ин камбудиҳо «хусусияти техникӣ» дошта, «гоҳ-гоҳ ба мушоҳида мерасиданд» ва дар «маҳалҳо бартараф карда мешуданд».

Дар робита ба номзади мухолифон Ойниҳол Бобоназарова, ки шумораи зарурии имзоҳоро ҷамъоварӣ карда натавонист ва аз маърака берен рафт, Лебедев зикр кард, ки «зимни мулоқот бо номзадҳо ҳамаи онҳо аз иштирок карда натавонистани Бобоназарова дар интихобот изҳори тааасуф карданд».

Лебедев таъкид намуд, ки аз маъракаи интихоботӣ хориҷ шудани як номзад ба ҳеҷ ваҷҳ ба рафти маъракаи интихоботӣ таъсир накард ва сарфи назар аз ин, «маърака алтернативӣ сурат гирифта», ба ҳамаи номзадҳо ҷиҳати вохӯриҳо бо интихобкунандагон ва озодона пешниҳод кардани барномаҳояшон шароит фароҳам оварда шуда буд.

Роҳбари гурӯҳи нозирони ИДМ аз он изҳори тааҷҷуб кард, ки дар матбуоти тоҷик андешаҳое интишор шуданд, ки гурӯҳи нозирони ИДМ чун солҳои қаблӣ дар бораи интихобот дар Тоҷикистон бо хулосаҳои мусбат натиҷагирӣ мекунад. «Ман чунин мешуморам, ки агар интихобот озоду демократӣ бошад, пас мо уҳдадорем, ки чунин натиҷагирӣ кунем ва ин ҷо ҳеҷ ҷои тааҷҷуб нест», – таъкид дошт ӯ.

«Бисёриҳо мегӯянд, ки муборизаи сиёсиву мухолифат мавҷуд нест. Ман ошкор мегӯям: аз мухолифатҳои сиёсии солҳои 90-ум мо бениҳоят сер шудаем. Мо ҷонибдори суботу оромӣ мебошем! Ва мардум низ ҳаминро афзал медонад, ки интихоботи кунунӣ онро исбот кард. Интихоботи мазкур ҳаракати мо баҳри пешравӣ бо роҳи демократия ва рушдро тасдиқ намуд», – изҳор кард Лебедев.

Ҳайати гурӯҳи нозирони ИДМ изҳори умедворӣ намуданд, ки «сарфи назар аз тамоми мушкилот, Тоҷикистон ба пеш гом мениҳад ва паҳлӯи ӯ дӯстон аз ИДМ қадам мезананд, ки ба паси сар намудани мушкилиҳо кӯмак мекунанд».

«Ман орзу дорам, ки бигзор баъди интихобот ҳаёти шаҳрвандони Тоҷикистон хушу хуррам ва рӯзгорашон ободу Тоҷикистон ба самти рушду шукуфоӣ равона бошад», – ба итмом расонид конфронси матбуотиро бо чунин суханон С.Лебедев. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.