Р.Зойиров: Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳамкории созанда омода нест

Душанбе. 25-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон   (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров изҳор дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳамкории созанда омода нестанд. Мавсуф зикр кард, ки зимни баррасии тарзи муносибати ҳокимияти расмӣ бо ҳизб дар муддати панҷ моҳи ахир ӯ ба чунин хулоса омадааст, […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 25-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон

 

(ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров изҳор дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳамкории созанда омода нестанд.




Мавсуф зикр кард, ки зимни баррасии тарзи муносибати ҳокимияти расмӣ бо ҳизб дар муддати панҷ моҳи ахир ӯ ба чунин хулоса омадааст, «ҳарчанд моҳи марти соли равон ҳизб бобати тағйироти тактика ва стратегияи фаъолияти худ ва гузаштан ба ҳамкории пурраи созанда бо ҳукумат изҳорот пахш карда буд».



Ба қавли ӯ, аз рӯзҳои нахустини таъсис ҳизб бо ҳукумат на дар фазои мухолифати оштинопазир, ки «мухолифони аз созандагӣ дури ҲСДТ чунин тасвир карданӣ мешаванд», балки дар фазои ҳамкории созанда фаъолият кардааст.



«Дар самти риояи волоияти қонун ва иҷрои бечунунчарои он, ки Конститутсияи кишвар онро тақозо мекунад, ҲСДТ ба ҳеҷ гузашту гуфтушуниде роҳ надодааст», – таъкид сохт раиси ҳизб.



Р.Зойиров зикр кард, ки тайи моҳҳои апрел-августи соли 2008 бо мақсади ҷустуҷӯи роҳу воситаҳои раҳоии кишвар аз «бӯҳрони муратттаби кунунӣ» ҳизб дар мавзӯъҳои иҷтимоиву иқтисодӣ беш аз 60 семинар, мизҳои мудаввар, мулоқоту дидор ва мубоҳисаҳои ошкор гузаронидааст.



Ба қавли ӯ, мавқеи ҳизб дар рӯйдодҳои Исфара, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), Рашт ва Кӯлоб куллан созанда буд. «Моҳи июни соли ҷорӣ маҳз барои роҳ надодан ба нақзи тартиботи ҷамъиятӣ, иғвову дасисабозӣ ва хунрезӣ ҲСДТ гирдиҳамоиро дар шаҳри Хоруғ таҳти роҳбарии худ гирифт, ҳарчанд ин гирдиҳамоӣ бо ташабббуси ҳизб сурат нагирифта бошад ҳам, – гуфт Р.Зойиров. – Ба туфайли он сарчашмаи ташаннуҷи вазъ ором гардида, таваҷҷӯҳи ҳукумат ба мушкилоти мубрами сиёсати минтақавӣ равона карда шуд».



Р.Зойиров изҳор дошт, ки таҷрибаи амалӣ ва тамоили рушди равандҳо дар моҳҳои апрел-августи соли 2008, муносибати ҳукумат ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гувоҳи онанд, ки марҳилаи нави таъқибот ва ҷорисозии маҳдудиятҳо нисбат ба ҳизб, аъзои он ва чорабиниҳои дарназардоштаи он (бахусус дар ВМКБ) зуҳур меёбад. «Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳамкории созанда дар асоси баробарҳуқуқӣ, риояи қонун, ошкорбаёнӣ ва шаффофият омода нестанд, ки ин дар шароити имрӯзаи рушди равандҳои идораи муштараки кишвар аз ҷониби давлат ва ҷомеа, ғайримутамарказ гардонидани идораи давлатӣ ва молия, баланд бардоштани нақш ва аҳамияти худидоракунии маҳаллӣ дастгоҳи ҳукуматиро аз таъиноти иҷтимоии он дур меандозад», – афзуд раиси ҲСДТ.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.