Зиёиёни тоҷик аз ҳукумати Тоҷикистон дархост карданд, ки ба шоир ва сиёсатмадори афғон Латифи Пидром паноҳгоҳи сиёсӣ диҳад

             Душанбе. 25 -уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Зиёиёни тоҷик аз ҳукумати Тоҷикистон дархост карданд, ки ба шоир ва сиёсатмадори афғон Латифи Пидром паноҳгоҳи сиёсӣ диҳад.             Аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ахиран гурӯҳҳои тундгарои Афғонистон бо мақсади паст кардани обрӯву эътибори сиёсатмадор ва адиб Л.Пидром иқдомоти тӯҳматангез роҳандозӣ мекунанд. […]

Аваз Юлдошев


             Душанбе. 25 -уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Зиёиёни тоҷик аз ҳукумати Тоҷикистон дархост карданд, ки ба шоир ва сиёсатмадори афғон Латифи Пидром паноҳгоҳи сиёсӣ диҳад.





           

Аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ахиран гурӯҳҳои тундгарои Афғонистон бо мақсади паст кардани обрӯву эътибори сиёсатмадор ва адиб Л.Пидром иқдомоти тӯҳматангез роҳандозӣ мекунанд.




           

«Тӯли 15 соли ахир шоир Латиф Пидром аъзои раёсати Ҷамъияти форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд» буда, дар як вақт ҳамчунин ба Конгресси миллии Афғонистон роҳбарӣ мекунад», – изҳор дошт манбаъ.




           

Тибқи назари зиёиёни эҷодкори Тоҷикистон, таъқиботи Л.Пидром пас аз изҳороти ӯ оид ба мушкилоти аққалиятҳои миллӣ ва риояи ҳуқуқи занон дар ин кишвар оғоз ёфтааст.



«Ахиран барои интиқоди ӯ аз фаъолияти амири Афғонистон Амонуллохон, ки аввали қарни ХХ аз ҷониби ҳизби «Афғон миллат» дар кишвар ҳукмронӣ кардааст, таъқибот шадидтар гаштааст», – таъкид сохт сарчашма.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.