Душанбе. 25 -уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Зиёиёни тоҷик аз ҳукумати Тоҷикистон дархост карданд, ки ба шоир ва сиёсатмадори афғон Латифи Пидром паноҳгоҳи сиёсӣ диҳад.
Аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ахиран гурӯҳҳои тундгарои Афғонистон бо мақсади паст кардани обрӯву эътибори сиёсатмадор ва адиб Л.Пидром иқдомоти тӯҳматангез роҳандозӣ мекунанд.
«Тӯли 15 соли ахир шоир Латиф Пидром аъзои раёсати Ҷамъияти форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд» буда, дар як вақт ҳамчунин ба Конгресси миллии Афғонистон роҳбарӣ мекунад», – изҳор дошт манбаъ.
Тибқи назари зиёиёни эҷодкори Тоҷикистон, таъқиботи Л.Пидром пас аз изҳороти ӯ оид ба мушкилоти аққалиятҳои миллӣ ва риояи ҳуқуқи занон дар ин кишвар оғоз ёфтааст.
«Ахиран барои интиқоди ӯ аз фаъолияти амири Афғонистон Амонуллохон, ки аввали қарни ХХ аз ҷониби ҳизби «Афғон миллат» дар кишвар ҳукмронӣ кардааст, таъқибот шадидтар гаштааст», – таъкид сохт сарчашма.


