Душанбе. 22-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон «Тоҷпромбонк» барои рушди соҳаи пахтакории вилояти Хатлон 6,4 млн. сомонӣ маблағгузорӣ намуд.
Аз бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки аз маблағҳои қарздодашуда 4 миллион сомонӣ ҳиссаи вазорати молия буда, маблағҳои боқимонда воситаҳои бонк мебошанд. Бино ба иттилои манбаъ, бонк ба хоҷагихои пахтакори вилояти Хатлон ба андозаи 18 фоизи солона қарз пешниҳод менамояд.
Маълумотнома:
«То
ҷ
промбонк» соли 1995 таъсис ёфта, айни замон дар қаламрави
ҷ
умҳур
ӣ
16 ш
ӯ
ъба дорад.


