Пас аз ҷустуҷӯи дусола қаллоб дастгир карда шуд

Душанбе. 22-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Раёсати умури дохилӣ дар нақлиёти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар қаллобӣ сокини 49-солаи ноҳияи Ҳисор Толиб Боймирзоевро, ки дар пайгарди қонунӣ қарор дошт, дастгир намуданд. Сардори дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки номбурда моҳи сентябри соли […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 22-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Раёсати умури дохилӣ дар нақлиёти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар қаллобӣ сокини 49-солаи ноҳияи Ҳисор Толиб Боймирзоевро, ки дар пайгарди қонунӣ қарор дошт, дастгир намуданд.




Сардори дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки номбурда моҳи сентябри соли 2006 аз хоҷагии деҳқонии «Хелисой»-и ноҳияи Ҳисор гӯё барои фурӯш дар Русия 144 тонна ангур гирифтааст, вале то ҳол аз ин ҳисоб беш аз 45 ҳазор сомониро пардохт накардааст.



«Баъди муроҷиати намояндагони хоҷагии деҳқонӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯ муддати ду сол бедарак шуд», – изҳор дошт манбаъ.



Бино ба иттилои манбаъ, зимни тафтиш маълум гардид, ки Т.Боймирзоев ҳамчунин дар содир намудани ҷинояти дигаре низ даст дорад. «Аввалҳои соли 2007 Т.Боймирзоев ба боварии сокини пойтахт Сайлуқмон Муродов даромада, аз ӯ бо баёнот

 

5 ҳазор доллари амрикоӣ қарз мегирад, вале дар мӯҳлати таъиншуда онро барнагардонида, боз пинҳон мешавад», – афзуд сарчашма. Аз рӯи далелҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.